Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Муовини вазири корҳои хориҷии Беларус

17 майи 2019 дар Душанбе дар остонаи Конфронси  байналмилалии сатҳи баланд “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил” мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Мухриддин бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус Андрей Дапкиунас баргузор гардид.

Дар  мулоқот муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Беларус дар самтҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо доир ба  мавзӯъҳои дигари байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ табодули назар намуданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj