Тоҷикӣ | Русский | English        | Харитаи сомона
twitter facebook rss

Низоми раводид бо кишварҳои хориҷӣ


Дар асоси шартномаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи баимзорасидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ, тартиби омадурафти бе раводид бо шиносномаҳои муқарраршуда, нисбати кишварҳои зерин амал мекунад:

1. Афғонистон- бо шиносномаҳои дипломатӣ ба муддати - то 30 рӯз
2. Арманистон - бо ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ
3. Озарбойҷон - бо ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ - то 90 рӯз
4. Беларус - бо ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ

5. Гурҷистон - бо ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ
6. Қазоқистон - бо ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ
7. Қирғизистон – боҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ
8. Молдова - бо ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ
9. Федератсияи Россия - бо ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ

10. Кореяи Шимолӣ - бо шиносномаҳои хидматӣ ва дипломатӣ

11. Кореяи Ҷанубӣ - бо шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ - то 90 рӯз
12. Хитой - шиносномаҳои дипломатӣ, хидматӣ инчунин бо шиносномаҳои таъиноти хизматӣ (бо мӯҳри «Хидматӣ») - то 30 рӯз

13. Бруней Доруссалом - бо шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ - то 14 рӯз
14. Венгрия - бо шиносномаҳои дипломатӣ ва хидматӣ - то 90 рӯз
15. Руминия - бо шиносномаҳои дипломатӣ ва хидматӣ - то 90 рӯз

16. Покистон – бо шиносномаҳои дипломатӣ – то 90 рӯз
17. Ҳиндустон - бо шиносномаҳои дипломатӣ ва хидматӣ - то 30 рӯз
18. Эрон - бо шиносномаҳои дипломатӣ ва хидматӣ- то 30 рӯз
19. Туркманистон - бо шиносномаҳои дипломатӣ ва хидматӣ - то 30 рӯз
20. Украина - бо ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ - то 90 рӯз
21. Узбекистон - бо шиносномаҳои дипломатӣ - то 30 рӯз

Бо мақсади ҷалб намудани сармоягузорӣ ва сайёҳӣ ба ҷумҳурӣ, барои шаҳрвандони баъзе аз кишварҳои хориҷӣ тартиби соддаи қоидаҳои омаду рафт ва будубоши онҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ пешбинӣ шудааст.

Дар мавриди бо тартиби содда таҳия намудани раводид, баррасии дархостҳои раводидӣ дар мӯҳлати 3 рӯзи корӣ, аз ҷумла, баррасӣ ва судури раводиди навъи дахлдор анҷом дода мешавад. Дар ҳолатҳои истисноӣ, агар зарурати баррасии муфассали ҳуҷҷатҳо ба миён ояд, мӯҳлати баррасии дархостҳо барои таҳияи раводид метавонад тамдид карда шавад, вале на зиёда аз 10 рӯзи корӣ.

Бо тартиби содда, ҳамаи навъҳои раводид танҳо ба шаҳрвандони 80 давлат, ки дар замимаи №1 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №122 аз 27 феврали соли 2009 дарҷ гардидааст, судур карда мешавад.

Номгӯи

давлатҳои хориҷие, ки шаҳрвандонашон ҳуқуқи бо тартиби содда гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд инҳоянд:

  1. Австралия

  2. Ҷумҳурии Австрия

  3. Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Алҷазоир

  4. Ҷумҳурии Мисри Араб

  5. Ҷумҳурии Аргентина

  6. Ҷумҳурии Булғория

  7. Гертсогии Бузурги Люксембург

  8. Ҷумҳурии Маҷористон

  9. Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам

  10. Бруней-Доруссалом

  11. Давлати Исроил

  12. Ҷумҳурии Юнон

  13. Ҷумҳурии Халқии Хитой

  14. Ҷумҳурии Ирландия

  15. Ҷумҳурии Исломии Эрон

  16. Ҷумҳурии Исландия

  17. Ҷумҳурии Италия

  18. Канада

  19. Давлати Қатар

  20. Ҷумҳурии Кипр

  21. Ҷумҳурии Эстония

  22. Япония

  23. Шоҳигарии Баҳрайн

  24. Шоҳигарии Белгия

  25. Шоҳигарии Ҳошимии Урдун

  26. Шоҳигариии Дания

  27. Шоҳигарии Испания

  28. Шоҳигарии Марокаш

  29. Шоҳигарии Нидерландия

  30. Шоҳигарии Норвегия

  31. Шоҳигарии Арабистони Саудӣ

  32. Шоҳигарии Шветсия

  33. Давлати Кувайт

  34. Ҷумҳурии Латвия

  35. Ҷамоҳирияи Халқии Сотсиалистии Либияи Араб

  36. Ҷумҳурии Литва

  37. Ҷумҳурии Лубнон

  38. Малайзия

  39. Ҷумҳурии Малта

  40. Штатҳои Муттаҳидаи Мексика

  41. Зеландияи Нав

  42. Аморати Муттаҳидаи Араб

  43. Султонати Умон

  44. Ҷумҳурии Лаҳистон

  45. Ҷумҳурии Португалия

  46. Ҷумҳурии Корея

  47. Ҷумҳурии Индонезия

  48. Ҷумҳурии Хорватия

  49. Руминия

  50. Ҷумҳурии Сингапур

  51. Ҷумҳурии Сурияи Араб

  52. Ҷумҳурии Словакия

  53. Ҷумҳурии Словения

  54. Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ

  55. Штатҳои Муттаҳидаи Америка

  56. Шоҳигарии Таиланд

  57. Ҷумҳурии Туркия

  58. Ҷумҳурии Тунис

  59. Ҷумҳурии Федеративии Бразилия

  60. Ҷумҳурии Федеративии Германия

  61. Ҷумҳурии Филиппин

  62. Ҷумҳурии Финляндия

  63. Ҷумҳурии Франсия

  64. Ҷумҳурии Чехия

  65. Конфедератсияи Швейтсария

  66. Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ

  67. Ҷумҳурии Исломии Покистон (барои дорандагони шиносномаҳои «дипломатӣ» ва «хизматӣ»)

  68. Ҷумҳурии Ҳиндустон (барои дорандагони шиносномаҳои «дипломатӣ» ва «хизматӣ»)

  69. Ҷумҳурии Яман

  70. Туркманистон

  71. Ҷумҳурии Боливиарии Венесуэла

  72. Ҷумҳурии Ӯзбекистон (нисбати раводидҳои «дипломатӣ», «хизматӣ», «сармоягузорӣ», «минтақаҳои озоди иқтисодӣ», «нақлиётӣ», «варзишгарон ва ҳунармандон»)

  73. Князгарии Андорра

  74. Ватикан

  75. Князгарии Лихтенштейн

  76. Князгарии Монако

  77. Ҷумҳурии Куба

  78. Ҷумҳурии Чилӣ

  79. Муғулистон

  80. Ҷумҳурии Сенегал

  81. Шахсони бешаҳрвандӣ, собиқ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон