Тоҷикӣ | Русский | English        | Харитаи сомона
twitter facebook rss

Тартиби дархости аснод


Иҷрои дархосту аризаҳо дар мавриди дастрас намудани ҳуҷҷатҳо тибқи Конвенсияи Вена оид ба равобити консулӣ (1961), Конвенсияҳои Минск (1993 дар таҳрири Протокол аз 28 марти соли 1997) ва Кишинёв (2002) дар бораи ёрии ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ, оилавӣ ва ҷиноӣ, инчунин қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.


• Дархостҳое, ки дар мавриди дастрас намудани ҳуҷҷатҳо ба шӯъбаҳои консулии намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулии ҶТ дар хориҷи кишвар ва ба раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ворид мешаванд, ба Раёсати Бойгонии Давлатӣ, бойгониҳои субъектҳо, инчунин, бойгониҳои вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷро фиристода мешаванд.

• Ҷавобҳо ё маводҳое, ки мувофиқи дархости ҳуҷҷатҳо аз мақомоти дахлдор дастрас гаштаанд, барои ирсоли минбаъда ба тарафи дархостнамуда, ё шахси муроҷиаткунанда ба намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа фиристода мешаванд.

• Ҳуҷҷатҳои зерин мавриди дархост қарор надоранд:
- шаҳодатномаҳои ҳарбӣ;
- дафтарчаҳои меҳнатӣ;
- шаҳодатномаҳои ронандагӣ;
- хислатномаҳо (характеристика);
- парвандаҳои (дело) шахсӣ аз муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

• Маълумотномаҳо дар бораи тасдиқ ё инкори ҳуқуқвайронкунӣ ё доғи судӣ, инчунин, мансубият ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳуҷҷатҳое, ки аз тарафи мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон содир мегарданд, таҳия ва дода мешаванд.