Тоҷикӣ | Русский | English        | Харитаи сомона
twitter facebook rss

Тартиби аккредитатсияи хабарнигорони ВАО кишварҳои хориҷӣ дар қаламрави Тоҷикистон


Мутобиқи Низомнома оид ба аккредитатсияи хабарнигорони васоити ахбори оммаи кишварҳои хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон расонаҳои хабарии кишварҳои хориҷӣ барои ифтитоҳ намудани намояндагии худ дар Тоҷикистон ва гирифтани аккредитатсияи доимӣ ва муваққатӣ бояд ба Вазорати корҳои хориҷӣ муроҷиат намоянд ва ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунанд:

  1. Нома дар бланкаи расмии расонаи хабарии кишвари хориҷӣ таҳти имзои роҳбари он васоити ахбори омма ва ё ёддошти намояндагии дипломатӣ (Ному насаби хабарнигор, корманди техникӣ, мӯҳлат ва мақсади аккредитатсия);

  2. Маълумотнома оид ба васоити ахбори оммаи кишвари хориҷӣ;

  3. Шарҳи ҳоли хабарнигор;

  4. Нусхаи шиноснома;

  5. Саволномаи (анкетаи) пуркардашуда (анкета, PDF);
  6. 1 адад акс дар шакли jpg (дар ҳаҷми 2,5x3,5cm, 300 пиксел).

Дар сурати пешниҳод нашудани тамоми бастаи ҳуҷҷатҳои зикргардида баррасии бақайдгирии рӯзноманигор шурӯъ намешавад.

Қарор дар бораи аккредитатсияи доимии хабранигори хориҷӣ дар назди ВКХ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 1 моҳ аз рӯзи ворид гаштани муроҷиат қабул мегардад. Мӯҳлати аккредитатсияи доимӣ 1 солро ташкил менамояд.

Қарор дар бораи аккредитатсияи муваққатии хабранигори хориҷӣ дар назди ВКХ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 14 рӯзи корӣ аз рӯзи ворид гаштани муроҷиат қабул мегардад. Мӯҳлати аккредитатсия муваққатӣ - то 3 моҳ.

Ҳамаи ҳуҷҷатҳои заруриро барои аккредитатсияи намояндагони ВАО-и хориҷӣ ба суроғаи Вазорати корҳои хориҷӣ (734001, ш. Душанбе, кӯчаи Шероз 33, факс +992 37 221-02-59) равон намоед, инчунин ҳуҷҷатҳои мазкурро дар шакли электронӣ ба почтаи pressaccreditation@mfa.tj ирсол кунед.