Тоҷикӣ | Русский | English        | Харитаи сомона
twitter facebook rss

Вазирони корҳои хориҷӣ


АҲМАДОВ Алӣ – Комиссари халқии корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон(29.07.1944 - 06.1946)

Алӣ Алиевич Аҳмадов 16 январи соли 1911 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи мӯзадӯз таваллуд шудааст. Дар шаҳри Самарқанд мактаби дусолаи русии маҳаллӣ ва сипас техникумро бомуваффақият хатм кард. Соли 1935 бошад дар Донишкадаи ирригатсия ва механизатсияи хоҷагии қишлоқи шаҳри Тошкант таҳсилро ба анҷом расонд.

Фаъолияти меҳнатӣ:

Солҳои 1930 - 1935 - донишҷӯи Донишкадаи ирригатсия ва механизатсияи хоҷагии қишлоқи шаҳри Тошкант;

Солҳои 1935 - 1940 - кор дар вазифаҳои мухталиф дар соҳаи хоҷагии оби вилояти Ленинобод, то вазифаи сардори хоҷагии оби вилоят, сипас роҳбари қисми тоҷикистонии сохтмони Канали калони Фарғона;

Солҳои 1940 - 1944 - Комиссари халқии хоҷагии оби ҶСШ Тоҷикистон;

29 июли соли 1944 - июни соли 1946 - Комиссари халқии корҳои хориҷии ҶСШ Тоҷикистон.

Сипас дар вазифаҳои муовини вазири хоҷагии оби ҷумҳурӣ, омӯзгори Донишкадаи ирригатсия ва механизатсияи хоҷагии қишлоқи Тошканд, сарвари Институти масъалаҳои оби Тоҷикистон кор кард.

Дар оғози солҳои 60 - ум мушовири масъалаҳои обёрикунӣ дар Афғонистон буд. Баъди бозгашт аз Афғонистон дар вазифаи сардори шӯъбаи равобити берунии «Средазсовнархоз» дар шаҳри Тошканд кор кард.

То ба нафақа баромадан муовини роҳбари иттиҳодияи «Тоҷикирсовхозстрой» буд.

Забонҳои англисӣ ва арабиро хуб медонист.

Рутбаи дипломатиаш – Сафири Фавқулода ва Мухтор, бо унвони «Ирригатори хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон» мушарраф гардида буд.

Роҷеъ ба масъалаҳои обёрӣ ва хоҷагии об беш аз 60 асари илмӣ ба чоп расонидааст.

11 феврали соли 1971 вафот кард.

 

 

РАСУЛОВ Ҷаббор - Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон, ҳамзамон Вазири корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон (22.07.1946 - 03.1955)

Ҷаббор Расулович Расулов 10 июли соли 1913 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд ёфтааст.

Соли 1934 Донишкадаи пахтакории Осиёи Миёнаро хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатӣ:

Солҳои 1934 - 1938 – агрономи стансияи хоҷагии қишлоқ;,

Солҳои 1938 - 1941 - сардори идора, ҷонишини комиссари халқии зироати ҶШС Тоҷикистон;

Солҳои 1941 - 1945 - намояндаи Комиссариати халқии маҳсулоттайёркунии ИҶШС дар Тоҷикистон;

Солҳои 1945 - 1946 - комиссари халқии зироати ҶШС Тоҷикистон;

Соли 1946 - Вазири зироати техникии ҶШС Тоҷикистон;

Солҳои 1946 - 1955 - Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон,

ҳамзамон вазири корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон;

Солҳои 1955 - 1958 - ҷонишини якуми Вазири хоҷагии қишлоқи ИҶШС;

Солҳои 1958 - 1960 - котиби КМ ПК Тоҷикистон;

Солҳои 1960 - 1961 - Сафири Фавқулода ва Мухтори ИҶШС дар Ҷумҳурии Того;

Солҳои 1961 - 1982 - котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон.

Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1981).Аъзои ҲКИШ аз соли 1939. Узви Комиссияи марказии тафтишоти ҲКИШ (1952 - 1956), узви КМ ҲКИШ (1961 - 1982). Депутати Шӯрои Олии ИҶШС (даъватҳои 2 - 10), депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъватҳои 2 - 10). Бо 9 ордени Ленин, ордени Инқилоби Октябр, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени Ҷанги Ватанӣ дараҷаи II, 2 ордени дигар ва медалҳо мукофотонида шудааст.

4 апрели соли 1982 дар шаҳри Душанбе вафот кардааст. Дар боғи Айнии пойтахт ба хок супурда шудааст.

Як ноҳия дар вилояти Суғд, хоҷагие дар ноҳияи Хуросон, мактаби миёнае дар шаҳри Хуҷанд, хиёбоне дар шаҳри Душанбе номи ӯро доранд ва дар бинои Ҳукумати ҷумҳурӣ лавҳаи ёдгориаш гузошта шудааст.

 

 

УЛҶАБОЕВ Турсун - Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон, ҳамзамон Вазири корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон (29.03.1955 - 25.05.1956)

Турсун (Турсунбой) Улҷабоевич Улҷабоев 1 майи соли 1916 дар деҳаи Қуруқи ноҳияи Хуҷанди вилояти Суғд дар оилаи деҳқони батрак ба дунё омадааст.

Техникуми педагогӣ (1935) ва Мактаби олии ҳизбии назди КМ ҲКИШ - ро дар шаҳри Москва (1950) хатм кардааст. Аз соли 1932 узви комсомол ва аз соли 1938 узви ҲКИШ буд.

Фаъолияти меҳнатӣ:

Соли 1935 - 1937 - омӯзгори синфҳои ибтидоӣ дар ноҳияи Нов;

Аз соли 1937 - мудири шӯъбаи пешоҳангони кумитаи комсомолии ноҳияи Нов;

Солҳои 1941 - 1945 котиби якуми Кумитаи Марказии ИЛКҶ (комсомоли) Тоҷикистон;

Пас аз хатми Мактаби олии ҳизбии назди КМ ҲКИШ аз сентябри соли 1950 то марти соли 1954 дар вазифаҳои котиби якуми кумитаҳои ҳизби коммунисти вилоятҳои Сталинобод, Кӯлоб ва Ленинобод кор кард.

Солҳои 1954 - 1955 - котиби Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон;

29.03.1955 - 25.05.1956 - Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон, ҳамзамон Вазири корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон;

Майи соли 1956 - апрели соли 1961 - котиби якуми Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон.

Моҳи апрели соли 1961 дар пленуми КМ ҲКИШ ҳамроҳи Раиси Шӯрои Вазирони ҷумҳурӣ Н. Додхудоев дар қаллобии мунтазами ҳуҷҷатҳои ҳисоботӣ ва ҳисоботҳои бардурӯғ пешниҳод кардан дар бораи иҷроиши нақшаҳои пахтасупорӣ ба давлат гунаҳгор дониста шуд.

12 апрели соли 1961 аз ҳамаи вазифаҳо озод ва аз ҳизби коммунистӣ хориҷ гардид. Баъдан сафед карда шуд.

Баъди аз вазифаи роҳбари аввали ҷумҳурӣ рафтан дар вазифаҳои зерин кор кард:

Солҳои 1961 - 1964 - директори совхози қафомондаи «Метин - туғай», ҳоло хоҷагии ба номи Турдиеви ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон;

Солҳои 1964 - 1973 директори совхози «Ғарм» - и ноҳияи Комсомолобод (ҳоло Нуробод);

Аз марти соли 1973 ҷонишини директор, аз декабари соли 1976 то соли 1986 директори совхози «ХХII партсъезд» - и ноҳияи Куйбишев (ҳоло ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ).

Бо ордени Ленин, се ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ду ордени Нишони Фахрӣ, панҷ медал ва чор Граммотаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС мукофотонида шудааст.

Депутати Шӯрои Олии ИҶШС (се даъват), депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, узви КМ ИЛКҶ ва КМ ҲК Тоҷикистон, узви комиссияи тафтишотии ҲКИШ буд.

Узви Иттифоқи журналистони ИҶШС буд.

31 майи соли 1988 вафот кард.

Дар давраи истиқлолият роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизматҳои Т. Улҷабоев дар рушди иқтисолиёти ҷумҳурӣ баҳои баланд дод. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (№ 118 аз 09.09.1997) Нерӯгоҳи обии барқии Норак ба номи Турсун Улҷабоев гузошта шуд.

 

 

ДОДХУДОЕВ Назаршо – Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон, ҳамзамон Вазири корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон (25.05.1956 - 12.04.1961)

Назаршо Додхудоев 20 декабри соли 1915 дар деҳаи Дерзуди вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.

Соли 1932 мактаби миёна ва соли 1934 техникуми педагогии шаҳри Хоруғ, соли 1937 Мактаби олии Ҳаракати коммунистии бачагони назди КОМИНТЕРН - ро дар шаҳри Москва хатм кардааст.

Узви ҲКИШ аз соли 1941 то 12.04.1961. Номзади илмҳои иқтисодӣ (1969).

Фаъолияти меҳнатӣ:

Солҳои 1934 - 1935 - корманд, мудири шӯъбаи рӯзномаи «Бадахшони сурх»;

Соли 1935 - мудири шӯъбаи кумитаи комсомолии вилоятии Кӯҳистони Бадахшон;

Солҳои 1936 - 1937 - донишҷӯи Мактаби олии Ҳаракати коммунистии бачагони назди КОМИНТЕРН дар шаҳри Москва;

Соли 1937 - мудири шӯъбаи омӯзиши сиёсии кумитаи комсомолии ноҳияи Обигарм;

Солҳои 1937 - 1938 - котиби якуми кумитаи комсомолии ноҳияи Обигарм;

1938 - 1939 - муҳаррири масъули рӯзномаи «Пионерии

Тоҷикистон»;

Солҳои 1939 - 1940 - мудири шӯъбаи рӯзномаи «Васияти Ленин»;

Солҳои 1940 - 1941 - шунавандаи Мактаби Комиссариати халқии корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе;

Соли 1941 - корманди Комиссариати халқии корҳои дохилии (КХКД) ҶШС Тоҷикистон;

Солҳои 1941 - 1942 - ёрдамчии ваколатдори шӯъбаи махфӣ-сиёсии КХКД ҶШС Тоҷикистон;

Солҳои 1942 - 1943 - ваколатдори оперативии КХКД ҶШС Тоҷикистон;

Солҳои 1943 - 1945 - сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Варзоби КХКД;

Солҳои 1945 - 1947 - ҷонишини сардори раёсати корҳои дохилии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ);

Солҳои 1947 - 1948 - сардори раёсати корҳои дохилии ВМКБ;

Солҳои 1948 - 1950 - раиси кумитаи иҷроияи ВМКБ;

Солҳои 1951 - 1952 - шунавандаи Курсҳои Идораи давлатии назди Академияи илмҳои ИҶШС;

29.07.1950 - 24.05.1956 - Раиси Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, ҳамзамон дар солҳои 1950 - 58 - муовини Раиси Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС.

25 майи соли 1956 - 12 апрели соли 1961 - Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон, ҳамзамон Вазири корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон.

12 апрели соли 1961 аз ҳамаи вазифаҳо озод ва аз ҳизби коммунистӣ хориҷ карда шуд. Баъдан сафед карда шуд.

Солҳои 1961 - 1965 - сардори Идораи сохтмонии №12 дар шаҳри Регар. Дохил шудан ба аспирантураи ғоибона.

Солҳои 1965 - 1989 - ҷонишини мудири трести ПМК - 5 дар шаҳри Душанбе;

Аз соли 1992 - нафақахӯри шахсии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Узви Шӯрои ҷамъиятии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Депутати Шӯрои Олии ИҶШС ва Шӯрои Олии Тоҷикистон (1950 - 1961). Чекисти хизматнишондодаи ИҶШС (1945).

Бо чор ордени Ленин, Грамотаҳои Фахрии Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ва ордени Дӯстӣ (пас аз вафоташ) мукофотонида шудааст.

30 июни соли 2000 вафот кард.

 

 

ҚАҲҲОРОВ Абдулаҳад – Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон, ҳамзамон Вазири корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон (19.06.1961 - 20.07.1973)

Абдулаҳад Қаҳҳоров 17 апрели соли 1913 дар шаҳри Конибодом дар оилаи косиб таваллуд ёфтааст.

Донишкадаи давлатии педагогии Ленинобод ба номи С.М. Киров (1954) ва Курси яксолаи бозомӯзии коркунони роҳбарикунандаи ҳизбию шӯравии назди КМ ҲКИШ-ро (1956) хатм намудааст. Узви ҲКИШ аз соли 1939.

Фаъолияти меҳнатӣ:

Аз соли 1930 - нозири шӯъбаи меҳнати округи Қӯқанд, раиси кумитаи соҳавии иттифоқи касабаи сохтмончиёни шаҳри Конибодом, раиси иттифоқи касабаи комбинати консервбарорӣ;

Соли 1935 - аввали соли 1942 - котиби Кумитаи комсомолии ноҳияи Панҷакент, мудири шӯъбаи ноҳиявии «Тоҷиктранс», ҷонишини раиси кумитаи иҷроияи шаҳри Панҷакент, мудири шӯъбаи тарғиботӣ ва ташвиқотии Кумитаи ҳизбии ноҳияи Панҷакент;

Соли 1942 - хизмат дар сафи Артиши Шӯравӣ ба ҳайси комиссари баталони тирандоз;

Охири соли 1942 - соли 1943 - ҷонишини мудири шӯъбаи тарғиботӣ ва ташвиқотии Кумитаи ҳизбии вилояти Ленинобод;

Солҳои 1943 - 1947 - котиби якуми кумитаҳои ҳизбии ноҳияҳои Колхозчиён (ҳоло ноҳияи Айнӣ) ва Нов (ҳоло Спитамен);

Солҳои 1947 - 1954 - котиб, котиби дуюми Кумитаи ҳизбии вилояти Ленинобод;

Солҳои 1954 - 1955 - раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Ленинобод;

Солҳои 1955 - 1956 - шунавандаи курсҳои назди КМ ҲКИШ;

Солҳои 1956 - 1961 - ҷонишини Раиси Шӯрои Вазирон ва ҳамзамон солҳои 1957 - 1961 раиси Кумитаи давлатии банақшагирии ҶШС Тоҷикистон;

Солҳои 1961 - 1973 - Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон, ҳамзамон Вазири корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон;

Аз соли 1973 - нафақахӯри шахсии дараҷаи умумииттифоқӣ.

Солҳои 1974 - 1984 - сардори Идораи бойгонии назди Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон.

Номзад ба узвияти КМ ҲКИШ (1961 - 1976), узви бюрои КМ ҲК Тоҷикистон (1961 - 1973), депутати Шӯрои Олии ИҶШС (даъватҳои 5 - 8) ва Депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъватҳои 2 - 9) буд.

Муаллифи мақолаву китобҳои зиёдест дар мавзӯъҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва адабӣ.

Корманди хизматнишондодаи маданияти ҶШС Тоҷикистон (1983). Бо се ордени Ленин, ордени Инқилоби Октябр, се ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, орденҳои Ҷанги Ватанӣ (дараҷаҳои 1 ва 2), медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

12 феврали соли 1984 дар шаҳри Душанбе вафот кард.

 

 

НАБИЕВ Раҳмон - Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон, ҳамзамон Вазири корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон (20.07.1973 - 09.12.1981)

Раҳмон Набиев 5 октябри соли 1930 дар деҳаи Шайхбурҳони ноҳияи Хуҷанди вилояти Суғд дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.

Техникуми кишоварзии Ленинобод (1949) ва Донишкадаи муҳандисони обёрикунӣ ва механиконии хоҷагии қишлоқи Тошкандро (1954) хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатӣ:

Солҳои 1946 - 1949 - ҳисобчии колхози ба номи Жданови ноҳияи Ленинобод;

Солҳои 1954 - 1955 - сармуҳандиси Истгоҳи мошинию техникии ноҳияи Исфисор;

Солҳои 1956 - 1960 - сармуҳандис, директори Истгоҳи таъмири техникии ноҳияи Хуҷанд;

Солҳои 1960 - 1961 - сардори Саридораи Вазорати хоҷагии қишлоқи ҶШС Тоҷикистон, ҷонишини раиси Иттиҳодияи ҷумҳуриявии «Тоҷикселхозтехника»;

Солҳои 1961 - 1963 - ҷонишини мудири шӯъба, мудири шӯъбаи хоҷагии қишлоқи КМ ҲК Тоҷикистон;

Солҳои 1963 - 1964 - инспектори Бюрои Осиёимиёнагии КМ ҲКИШ;

Солҳои 1964 - 1971 - инспектор, мудири шӯъбаи хоҷагии қишлоқи КМ ҲК Тоҷикистон;

Солҳои 1971 - 1973 - Вазири хоҷагии қишлоқи ҶШС Тоҷикистон;

Июли 1973 - апрели 1982 - Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон, ҳамзамон аз 20 июли соли 1973 то 9 декабри соли 1981 - Вазири корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон;

Апрели 1982 - декабри соли 1985 - котиби якуми КМ ҲК Тоҷикистон;

Солҳои 1986 - 1991 - раиси президиуми Шӯрои марказии Ҷамъияти ҳифзи табиати ҶШС Тоҷикистон.

Узви Комиссияи марказии тафтишотии ҲКИШ (1981 - 1986), депутати Шӯрои Олии ИҶШС (даъватҳои 10 - 11), депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъвати 6 - 10) буд.

Соли 1990 депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъвати 12) интихоб гардид. 23 сентябри соли 1991 дар сессияи фавқулодаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

24 ноябри соли 1991 дар нахустин интихоботи умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Аз апрели соли 1992 - Сарфармондеҳи олӣ бо гирифтани рутбаи ҳарбии генерал - полковник.

7 сентябри соли 1992 зери таҳдиди яроқноки қувваҳои мухолифин дар фӯрудгоҳи шаҳри Душанбе дар бораи ба истеъфо рафтан ариза имзо кард ва ҳамон рӯз пойтахтро тарк намуда, ба шаҳри Хуҷанд рафт. Дар иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон депутатҳо истеъфои ӯро қабул карданд.

Бо орденҳои Ленин ва Инқилоби Октябр, се ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо мукофотонида шудааст.

11 апрели соли 1993 дар шаҳри Хуҷанд вафот кард.

Яке аз хиёбонҳои шаҳри Душанбе номи ӯро дорад.

 

 

ЮСУФБЕКОВ Рустамбек - муовини Раиси Шӯрои Вазирони ҶШСТоҷикистон, ҳамзамон Вазирикорҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон(9.12.1981 - 05.1984)

Рустамбек Юсуфбеков 31 декабри соли 1923 дар деҳаи Рин, ноҳияи Ишкошими вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар оилаидеҳкон ба дунё омадааст.

Донишкадаи педагогии шаҳриДушанбе (1950), аспирантураи Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии назди КМ ҲКИШ-ро (1950) хатм кардааст. Узви ҲКИШ аз соли 1945. Иқтисодшинос, профессор (1969), доктори илмҳоя иқтисодӣ (1971), узви вобастаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1966), Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон (1983).

Фаъолияти меҳнатӣ:

Солҳои 1940 - 1945 - муаллими мактаби миёнаи нопурраи деҳаи Рирн, ноҳияи Ишкошим;

Солҳои 1945 - 1947 - тарғиботчӣ, ҷонишини мудир, мудири шӯъбаи тарғиботӣ ва ташвиқотии кумитаи ҳизбии ноҳияи Ишкошим;

Солҳои 1947 - 1949 - таҳсил дар Мактаби ҷумҳуриявии ҳизбии назди КМ ҲК Тоҷикистон;

Солҳои 1949 - 1951 - омӯзгори Мактаби ҷумҳуриявии ҳизбии назди КМ ҲК Тоҷикистон;

Солҳои 1951 - 1954 аспиранти Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии назди КМ ҲҚИШ;

Солҳои 1954 - 1966 - омӯзгори иқтисоди сиёсии Мактаби ҷумҳуриявии ҳизбии назди КМ ҲК Тоҷикистон;

Солҳои 1956 - 1959 - мудири кафедраи иқтисоди сиёсии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон;

Солҳои 1959 - 1962 - ҷонишини мудир, мудири шӯъбаи тарғибот ва ташвиқоти КМ ҲК Тоҷикистон;

Солҳои 1963 - 1974 - Вазири маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон;

Солҳои 1974 - 1984 муовини Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон, ҳамзамон 9.12.1981 - 05.1984 - Вазири корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон;

Солҳои 1984 - 1990 - профессори кафедраи иқтисоди сиёсии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон.

Муаллифи зиёда аз 200 асару мақолаҳои илмӣ ва илмии оммавӣ.

Дар анҷуманҳои 13 - 19 - уми ҲК Тоҷикистон аъзои КМ ҲК Тоҷикистон интихоб шуд. Депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъватҳои 6 - 10).

Бо 2 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, 2 ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

5 марти соли 2007 вафот кард.

 

 

УСМОНОВ Усмон – муовини Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон, ҳамзамон Вазири корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон (30.05.1984 - 11.1989)

Усмон Ғаниевич Усмонов 6 июни соли 1940 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст.

Соли 1962 Донишкадаи политехникии Тоҷикистон васоли 1983 Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии назди КМҲКИШ - ро хатм кардааст.УзвиҲКИШ аз соли 1985.

Фаъолияти меҳнатӣ:

Солҳои 1962 - 1964 - муҳандис, муҳандис - лоиҳакаши калони Филиали Институти лоиҳакашии «Тоҷикгипрострой» (дар Ленинобод);

Солҳои 1964 - 1970 - котиби якуми кумитаи комсомолии шаҳри Ленинобод;

Солҳои 1970 - 1971 - котиби дуюми кумитаи ҳизбии ноҳияи Айнӣ;

Декабри соли 1971 - августи соли 1976 - котиби якуми КМИЛКҶ (комсомоли) Тоҷикистон;

Солҳои 1976 - 1980 - котиби якуми кумитаи ҳизбии ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе;

Солҳои 1980 - 1984 - Намояндаи доимии Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон дар назди Шӯрои Вазирони ИҶШС;

Майи соли 1984 - ноябри соли 1989 - муовини Раиси ШӯроиВазирони ҶШС Тоҷикистон, ҳамзамон Вазири корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон;

Солҳои 1989 - 1990 - муовини Раиси Президиуми Шӯрои ОлииҶШС Тоҷикистон;

Аз соли 1994 - намояндаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 1995 - намояндаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ - ҷонишини Дабири кулли Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ.

Дар анҷуманҳои 18 - 20 - уми ҲК Тоҷикистон узви КМ ҲКТоҷикистон интихоб гардид. Депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъватҳои 8 - 11), вакили халқи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1995 - 2000).

Бо орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат, Дӯстии халқҳо, «НишониФахрӣ» ва медалҳо мукофотонида шудааст.

7 марти соли 2002 вафот кард.

 

 

ҚАЮМОВ Лақим - Вазири корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон (7.11.1989 - 31.08.1991), Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (31.08.1991 - 10.01.1992), Вазири робитаҳои берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон (10.01.1992 -11.05.1992)

Лақим Қаюмов соли 1933 дардеҳаи Румони ноҳияи Хуҷанди вилояти Суғд таваллуд шудааст.

Донишкадаи омӯзгории шаҳри Ленинобод (1955), Мактаби олии ҳизбии назди КМ ҲКИШ (1966) ва Мактаби олии дипломатии Вазорати корҳои хориҷии ИҶШС-ро (1970) хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатӣ:

Солҳои 1952 - 1961 - омӯзгори мактаб, мудири шӯъбаи кумитаи комсомолии шаҳри Ленинобод, инструктор, роҳбари гурӯҳилекторон, ҷонишини мудири шӯъба, котиб, котиби якуми кумитаи комсомолии вилояти Ленинобод;

Солҳои 1961 - 1970 - инструктори кумитаи ҳизбии вилояти Ленинобод, шунавандаи Мактаби олии ҳизбии назди КМ ҲКИШ, кор дар Кумитаи Марказии ҲК Тоҷикистон, шунавандаи Мактаби олии дипломатии Вазорати корҳои хориҷии ИҶШС;

Солҳои 1970 - 1984 - кор дар вазифаҳои дипломатӣ;

Солҳои 1984 - 1989 - мудири шӯъбаи алоқаҳои хориҷии КМ ҲКТоҷикистон;

Солҳои 1989 - 08.1991 - Вазири корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон;

31.08.1991 - 10.01.1992 - Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

10.01 - 11.05.1992 - Вазири робитаҳои берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

17.07.1992 - декабри соли 1992 - Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид (шаҳри Ню - Йорк).

Депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, даъвати 11.

Бо медалҳо ва Грамотаи Фахрии Шӯрои Олии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Рутбаи дипломатиаш Сафири Фавқулода ва Мухтор (27.08.1992).

Соли 1998 вафот кард.

 

 

ХОЛИҚНАЗАРОВ Худобердӣ - Вазири робитаҳои берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон (11.05.1992 -20.07.1992), Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (20.07.1992 -11.1992)

Худобердӣ Холиқназаров 14 июни соли 1951 дар шаҳри Хоруғи ВМКБ таваллуд ёфтааст.

Шӯъбаи форсии факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст (1975). Номзади илмҳои таърих (1987).

Фаъолияти меҳнатӣ:

Солҳои 1974 - 1976 - кор ба сифати тарҷумони забони дарӣ дар Афғонистон;

Солҳои 1976 - 1978 - мудири китобхонаи факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон;

Солҳои 1978 - 1980 - кор ба сифати тарҷумони забони форсӣ дар Эрон;

Солҳои 1980 - 1987 - ходими илмии Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии АИ ҶШС Тоҷикистон;

Солҳои 1987 - 1988 - кор ба сифати тарҷумон дар Афғонистон;

Солҳои 1989 - 1991 - муовини мудири кафедраи фалсафа ва таърихи Донишкадаи забон ва адабиёти рус;

Солҳои 1991 - 1992 - раиси Ҷамъияти «Носири Хисрав»;

11.05.1992 - 20.07.1992 - Вазири робитаҳои берунии ҶумҳурииТоҷикистон;

20.07.1992 - 11.1992 - Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳои 1993 - 1998 - ҷонишини раиси Маркази ҳамоҳангсозии нерӯҳои демократии Тоҷикистон дар кишварҳои ИДМ;

12.02.1998 - 01.2000 - Вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (мувофиқи саҳмияи 30% аз Иттиҳоди мухолифини тоҷик таъйин шуд);

Солҳои 2000 - 2001 - мушовири Президенти ҶумҳурииТоҷикистон;

Солҳои 2001 - 2007 - мушовири Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷуҳурии Халқии Хитой.

Оиладор, соҳиби чор фарзанд.

 

 

ОЛИМОВ Рашид - Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2.12.1992 - 27.12.1994)

Рашид Қутбуддинович Олимов 23 июни соли 1953 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.

Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон(1975) ва Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии назди КМҲКИШ - ро (1990) хатм кардааст.

Номзади илмҳои сотсиологӣ.

Фаъолияти меҳнатӣ:

Солҳои 1975 - 1976 – ҷонишини раиси Кумитаи иттифоқи касабаи ДДТ;

Солҳои 1976 - 1979 – мудири Гурӯҳи лекторони шӯъбаи тарғибот ва ташвиқоти КМ ИЛКҶ Тоҷикистон;

Солҳои 1979 - 1981 - инструктори шӯъбаи тарғибот ва ташвиқотикумитаи ҳизбии ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе;

Солҳои 1981 - 1982 - инструктори шӯъбаи тарғибот ва ташвиқотикумитаи ҳизбии шаҳри Душанбе;

Солҳои 1982 - 1986 - мудири гурӯҳи лекторон, ҷонишини мудири шӯъбаи тарғибот ва ташвиқоти КМ ИЛКҶУ (Солҳои 1984 -1985 дар давраи тайёрӣ ва баргузории Фестивали 12 умумиҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён дар шаҳри Москва директори Маркази матбуотии байналхалқии ин форум буд.

Солҳои 1986 - 1988 - котиби якуми КМ ИЛКҶ Тоҷикистон;

Солҳои 1986 - 1989 - узви Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон;

Солҳои 1988 - 1989 - котиби якуми кумитаи ҳизбии ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе;

Солҳои 1989 - 1990 - котиби дуюми кумитаи ҳизбии шаҳри Душанбе;

Солҳои 1990 - 1991 - раиси Кумитаи Шӯрои Олии Тоҷикистоноид ба корҳои ҷавонон;

Солҳои 1991 - 1992 - Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2.12.1992 - 28.12.1994 - Вазири корҳои хориҷии ҶумҳурииТоҷикистон;

28.12.1994 - 12.2005 - Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид.

Аз декабри соли 2005 - Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Хитой.

Рутбаи дипломатиаш Сафири Фавқулода ва Мухтор (1993).

Оиладор, соҳиби ду фарзанд.

 

 

НАЗАРОВ Талбак - Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (28.12.1994 - 30.11.2006). Талбак Назарович Назаров 15 марти соли 1938 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба дунё омадааст.

Соли 1956 Техникуми молиявию кредитии шаҳри Сталинобод, соли 1960 Донишкадаи молиявию иқтисодии Ленинград, соли 1965 аспирантураи донишкадаи номбурдаро хатм кардааст. Доктори илмҳои иқтисодӣ (1974, мавзӯъ: «Масъалаҳои усулҳои ҳавасмандгардонии молиявии пешрафти техникӣ дар саноат»), профессор (1976), академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991), академики Академияи байналмилалии мактаби олӣ (1991), Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон (1988), барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2003).

Фаъолияти меҳнатӣ:

Солҳои 1962 - 1969 - муаллими калон, мудири кафедраи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ);

Солҳои 1969 - 1971 - декани шӯъбаи шабонаи факултаи иқтисодӣ, проректори шӯъбаи шабона, мудири кафедраи ДМТ;

Солҳои 1971 - 1973 - ходими калони илмии ДМТ;

Солҳои 1973 - 1980 - мудири кафедра, декани факултаи иқтисодии ДМТ;

Солҳои 1980 - 1982 - раиси Шӯрои омӯзиши қувваҳои истеҳсолкунандаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон;

Солҳои 1982 - 1988 - ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

Солҳои 1986 - 1988 - Раиси Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (ҳамзамон бо вазифаи ректори ДМТ);

Солҳои 1988 - 1990 - Вазири маорифи ҶШС Тоҷикистон;

Солҳои 1990 - 1991 - ҷонишини якуми Раиси Шӯрои Вазирон -раиси Кумитаи давлатии банақшагирии ҶШС Тоҷикистон;

Солҳои 1991 - 1994 - ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Соли 1994 - роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶумҳурииТоҷикистон;

28.12.1994 - 30.11.2006 - Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Аз соли 2007 директори Фонди ҷамъиятии хайриявииТоҷикистон.

Фаъолияти ҷамъиятӣ - сиёсӣ ва илмӣ:

Депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (ду даъват); Депутати халқи ИҶШС; Раиси Шӯрои ректорони мактабҳои олии ҶШС Тоҷикистон; узви Кумитаи давлатии маорифи халқи ИҶШС (1982- 1988). Илму сиёсати Тоҷикистонро дар бисёр форумҳо, симпозиуму конференсияҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ бо муваффақият намояндагӣ мекунад. Дар раванди ҳалли қазияи низои шаҳрвандӣ ва муқобилати яроқноки дохилӣ дар Тоҷикистон фаъолона иштирок карда, аз январи соли 1996 то ба анҷом (июни соли 1997) роҳбари ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гуфтушунидҳои байни тоҷикон оид ба барқарор кардани сулҳ буд. Муаллифи беш аз 150 асари илмӣ, аз ҷумла, беш аз 10 рисола.

Бо орденҳои «Ситораи Президенти Тоҷикистон» (1998), «Дӯстӣ» (1999), «Нишони Фахрӣ» (1976), Грамотаҳои Фахрӣ, 6 медал, мукофотҳои хориҷӣ сарфароз гардидааст.

Оиладор, соҳиби ду фарзанд.

 

 

Ҳамрохон ЗАРИФӢ - Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (01.12.2006-29.11.2013)

Ҳамрохон Зарифӣ 25 декабри соли 1948 дар ноҳияи Восеъ, вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1971 Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлобро бо ихтисоси «математика - физика» хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатӣ:

Солҳои 1966 - 1971 – донишҷӯи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кулоб;

Солҳои 1971 - 1972 - муаллими кафедраи физикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кулоб;

Солҳои 1972 - 1973 - хизмати ҳарбӣ дар сафҳои қувваҳои мусалаҳ;

Солҳои 1973 - 1974 - корманди Институти илмӣ – тадқиқотии физикаву техникаи ба номи С.Умаров;

Солҳои 1974 - 1993 - хизмат дар хадамоти амниятии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳои 1993 - 1995 - муовини сардор, сардори Раёсати кадрҳо ва иттилооти махсуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳои 1995 - 1996 - муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳои 1996 - 2002 - Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (шаҳри Вена);

Солҳои 1997 - 2002 - Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия;

Солҳои 1998 - 2002 - Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Шветсария (қароргоҳаш дар Вена);

Солҳои 1999 - 2002 - Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Маҷористон (қароргоҳаш дар Вена);

Солҳои 2002 - 2006 - Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка, шаҳри Вашингтон.

Солҳои 2006-2013 - Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Рутбаи дипломатии Сафири Фавқулода ва Мухторро дорад.

Забони англисиро медонад.

Оиладор, соҳиби ду фарзанд.

 

 

Аслов Сироҷидин Муҳридинович - Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 29 ноябри соли 2013)

17 феврали соли 1964 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ. Рутбаи дипломатии Сафири Фавқулода ва Мухторро дорад.

Фаъолияти меҳнатӣ:

Солҳои 1981-1986 - донишҷӯи Донишкадаи гидрометеорологии шаҳри Одессаи Украина;

Солҳои 1986-1992 - Муҳандис, сармуҳандис-агрометерологи Маркази гидрометеоро- логияи Сарраёсати обуҳавосанҷии Вазорати ҳифзи табиати РСС Тоҷикистон, шаҳри Душанбе;

Солҳои 1992-1995 - муовини сардор, сардори Раёсати Вазорати ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе;

Солҳои 1995-1996 - муовини сардори Сарраёсати обуҳавосанҷии Вазорати ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе;

Солҳои 1996-1997 - намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Шӯрои байнидавлатӣ оид ба масъалаҳои ҳавзаи баҳри Арал, шаҳри Тошкент;

Солҳои 1997-2002 - намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Хазинаи байналхалқии наҷоти Арал, ш.Тошкент;

Соли 2002 Донишгоҳи давлатии иқтисодии ш.Тошкандро хатм кардааст;

Солҳои 2002-2005 - раиси Кумитаи иҷроияи Хазинаи байналхалқии наҷоти Арал, шаҳри Душанбе;

Солҳои 2004-2005 - муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе;

Апрели 2004 то ноябри 2005 - Ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай;

Солҳои 2005-2013 - Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид, шаҳри Ню-Йорк;

Солҳои 2011-2013 - Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Куба бо қароргоҳ дар шаҳри Ню-Йорк;

Аз 29.11.13 - Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Забонҳои англисӣ, форсӣ ва русиро медонад.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.