Ба диққати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Давлати Кувайт, Шоҳигарии Ҳошимии Урдун, Ҷумҳурии Лубнон, Ҷумҳурии Ироқ ва Салтанати Умон қарор доранд!

17.03.2020 12:56

Ба диққати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Давлати Кувайт, Шоҳигарии Ҳошимии Урдун, Ҷумҳурии Лубнон, Ҷумҳурии Ироқ ва Салтанати Умон қарор доранд!

Ҳамватанони азиз,

Бо назардошти шуюи коронавирус (COVID-19) дар аксари кишварҳои олам ва эълон гардидани ҳамагирии ҷаҳонӣ (пандемия) аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии беҳдошт, мақомоти марбутаи кишварҳо низ як қатор чораҳои заруриро ҷиҳати пешгирӣ намудани паҳншавии COVID-19 амалӣ намуда истодаанд.

Бинобар ин, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки чораҳои пешгирикунандаи мазкур ва қоидаҳои будубоши кишвари маҳалли иқоматро риоя намуда, аз ҳузур дар ҷойҳои ҷамъиятии серодам худдорӣ намоед.

Ҷиҳати мусоидат дар ҳалли мушкилоти марбут ба COVID-19 метавонед ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт муроҷиат намоед.

Суроға: Kuwait, Salwa, Block 2, Street 9, Villa 72

Тел.: +965 9962 4345; +965 9854 0777

E-mail: tajembkuwait@mfa.tj; tojkw@yahoo.com

Саломат бошед,

Бо эҳтиром,

Сафорати Тоҷикистон дар Kувайт

المركز الاعلامي

تقويم

  • business-portal_thumb.jpg