ЭЪЛОН

19.02.2020 10:12

111.jpg

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вена ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди кишварҳои Австрия, Маҷористон, Норвегия, Руминия ва Словакия иқомат мекунанд, мерасонад, ки рӯзи якшанбе, 1 марти соли 2020 аз соати 08:00 то 20:00 ба вақти маҳаллӣ дар бинои Сафорат интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Ба ин муносибат, аз ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он рӯз дар ҳудуди кишварҳои мазкур қарор доранд ва то рӯзи интихобот ба синни 18 расидаанд, эҳтиромона даъват менамоем, ки дар интихобот иштирок кунанд.

Барои раъйдиҳӣ шаҳрвандон бояд бо худ шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошанд.

Суроғаи Сафорат: 
Hutweidengasse 47, 1190, Vienna, Austria
Тел.: +43(0) 1 4098266

Galerie

Kalender