Маълумот дар бораи имкониятҳои таҳсил дар Олмон
Барои донишҷӯёни Тоҷикистон, ки хоҳиши таҳсил дар Олмонро доранд, имкониятҳои васеъ дар доираи як қатор барномаҳои стипендиявӣ мавҷуданд. Яке аз ниҳодҳои олмоние, ки ба донишҷӯёни хориҷӣ, аз ҷумла Тоҷикистон имконияти таҳсил дар Олмонро пешниҳод менамояд Хадамоти табодули академии Олмон (DAAD) мебошад.
Хадамоти мубодилаи академикии Олмон (DAAD) аз соли 1994 то 2019 дар қаламрави Тоҷикистон фаъолият намуда, тӯли ин солҳо иқомати ҳазорҳо нафар донишҷӯёну аспирантҳо, таҷрибаомӯзии кормандони вазорату идораҳои мухталиф ва намояндагони муассисаҳои давлатӣ ва хусусиро барои таҳсили кутоҳмуддат, таҷрибаомӯзӣ ва анҷоми корҳои илмӣ дар Олмон тавассути пешниҳоди стипендияҳо маблағгузорӣ кардааст.
Маълумоти бештар дар бораи барномаҳо дар зинаи баклавриат ва магистратураро метавонед аз инҷо дастрас кунед: https://www2.daad.de/deutschland/studienangebote/international-programmes/en/
Маълумот дар бораи имкониятҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ба Олмон
Қонунгузории ҷории Олмон барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки дорои дониши хуби забони олмонӣ ва соҳиби ихтисоси баланд ҳастанд, имконияти муҳоҷирати меҳнатиро ба ин кишвар пешниҳод мекунад.
Тибқи қонунгузории кишвари иқомат шахсе, ки хоҳиши анҷом додани фаъолияти меҳнатӣ дар Олмонро дорад, уҳдадор аст сараввал раводиди меҳнатиро дастрас намояд.
Барои гирифтани раводиди меҳнатӣ ва баъдан анҷом додани фаъолияти меҳнатӣ дар Олмон қонунгузории кишвар талаботи зеринро ҷорӣ кардааст:
Соли 2022 қонуни нави Ҷумҳурии Федеративии Олмон “Дар бораи муҳоҷирати мутахассисони ихтисоснок” қабул гардид. Қонуни мазкур, аз ҷумла талаботи гирифтани раводиди меҳнатиро барои шаҳрвандони хориҷии дорои ихтисоси эътирофшуда сабуктар намуд.
Барои маълумоти бештар ба инҷо гузаред:
Барои гирифтани маълумот дар бораи ихтисосҳои серталаб дар Олмон ба инҷо нигаред: