Спитамен

03.12.2020 15:17

 Спитамен - парчамбардори ҷодаи озодиву истиқлол

(370 – 328)

Спитамен ҷанговари касбӣ ва лашкаркаши набардозмуда буд. Ӯ мактаби ҷангии порсҳоро гузашта, бурду бохти онҳоро дар қиёс бо амалиёти ҳарбӣ ва низоми лашкаркашии юнониён хуб омӯхта буд.

Муборизаи Спитамен барои истиқлол ва озодӣ яке аз дурахшонтарин саҳифаҳои таърихи гузаштаи тоҷикон ба шумор меравад. То ҷое ки ба илми таърих даст додааст, талошҳои воқеии истиқлолхоҳӣ ва ватанпарастии бошууронаи тоҷикон аз давраи истилои Искандари Мақдунӣ чун як раванди муташаккили сиёсию иҷтимоӣ оғоз ёфта, дар таърихномаҳои воқеанигорони аҳди Искандар ва давраҳои минбаъда хеле равшан сабт шудааст. Ҳарчанд муборизаҳои шадиди истиқлолхоҳӣ ва ватандӯстии ниёгони мо таҳти сарварии Спитамен оқибат ба шикасту бебарориҳо дучор шуданд, корнамойиҳои бемислу монанди онҳо дар сафҳаҳои таърих то ба рӯзгори мо ба ёдгор мондааст.

Мо имрӯз корнамойиҳои Спитамени диловар ва ҳамсафони ӯро қадршиносӣ намуда, барои зинда доштани номи нек ва хотираи бегазанди фарзандони фидоии Ватан ордени «Спитамен»-ро таъсис додем, ки он барои шуҷоату корнамойиҳои ватандӯстона ва идомаи анъанаи неки ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодӣ ба ворисони воқеии ин марди қаҳрамон дода мешавад. Таърих корнамойиҳои фарзандони худро ҳаргиз фаромӯш намекунад. Имрӯз ватани воқеии суғдиён — собиқ вилояти Ленинобод ба хотири риояи адолати таърихӣ вилояти Суғд ва ноҳияи собиқи Нов ба хотири корнамойиҳои безавол ва орзую ормонҳои наҷиби Спитамен ва ҳамсафони диловари ӯ ноҳияи Спитамен номида шудааст. Маҳз ҷонбозию талошҳои пай дар пайи Спитамен ва садҳо фарзандони фидоӣ буд, ки тоҷикон тавонистанд дар тӯли ҳазорсолаҳо фарҳанги давлатдории хешро нигоҳ дошта, ин суннати ориёиро пушт ба пушт то ба рӯзгори мо бирасонанд ва давлати миллии соҳибистиқлол, ягона ва беҳамтои хешро умри ҷовидона бахшанд.

Иқтибос аз китоби "Чеҳраҳои мондагор"-и Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Gallery

Calendar

  • business-portal_thumb.jpg