Moni

07.12.2020 09:56

Монӣ - бозтоби нур дар зулмот
(14 апрели  216 - 2 марти 274)

Монӣ аз нобиғагони таърих буда, на танҳо маҳорату истеъдоди фавқулодаи шахсӣ дошт, балки зоҳиран, аз нотиқони замона низ буд. Аз ин рӯ, вай аз кишварҳои гуногун дидан карда, аз наздикону пайравони худ низ тақозо мекард, ки зиёдтар миёни мардум раванд ва каломи ҳақро ба гӯши онҳо бирасонанд. Яке аз истеъдодҳои фавқулодати ӯ, ки дар таърихи мардуми ориёӣ осоре боқӣ гузоштааст, санъати наққошӣ буд.

Ахлоқи мазҳабӣ, ақидаҳои фалсафӣ ва ҷамъиятии Монӣ ба фалсафа, динҳои муосири ҷаҳонӣ таъсири амиқ доштааст. Бо вуҷуди он ки фалсафаи адрия, ки мадори баҳсаш дар бораи маншаи олам ва сабабҳои пайдоиши шар(р) буда, таърихи бештару тӯлонитар дорад, бе ҳеҷ шубҳа дар зери таъсири ҷанбаҳои гуногуни ақидаҳои гностикии Монӣ қарор гирифтааст. Дар дини ислом бисёр фирқаҳоро номбар кардан мумкин аст, ки дар зери таъсири ойини Монӣ қарор гирифтаанд. Гузашта аз ин, баъзе ҷараёнҳои маънавӣ, ки ақидаҳои Мониро мустақиман пазируфта буданд, ба дугаройӣ, занодиқа ва маҷус айбдор карда мешуданд. Ақидаҳои мазҳабии Монӣ дар дини насронӣ ва шохаҳои мухталифи он русух карда, дар Аврупо ва Амрико дар шакли гурӯҳу фирқаҳои гуногуне фаъолият доранд ва дар аксарашон рукнҳои умдаи мазҳаби бостонӣ ҳифз гардида, бо даврони муосир ҳамоҳанг карда шудаанд. Дар миёни онҳо аз фирқаҳои павликанӣ, богимилӣ, летарӣ, албиягӣ метавон ном бурд. Яке аз бахшҳои машҳури имрӯзаи он мазҳаби мормонӣ мебошад, ки дар ИМА, Канада, Мексика, ҷазираҳои Океания ва баъзе мамлакатҳои Аврупо фаъолият мекунад.

Нисбат ба ин, ки мазҳаби Монӣ иддаои оламгирӣ дошт, тавре ки зикр шуд, унсурҳои ҷудогонаеро аз ойинҳои Зардушт, Исои Масеҳ ва Буддо ба орият гирифтааст. Вале тавре ки бисёр муҳаққиқон ба он ишора кардаанд, мазҳаби Монӣ фақат таркиби содда ва тақлиди сатҳӣ набуда, ҳунару заковати Монӣ дар он будааст, ки усули худро тавре назму тартиб додааст, ки дар ҳар муҳиту ҷомеа таъсирбахш мебошад. Монӣ бидуни огоҳӣ ва тайёрии нопухта ба таркибу таснифи унсурҳои ҳиндӣ, насронӣ ва эронӣ даст набурда, онро бо мутолиаю мулоҳизаи амиқ ва комилу санҷида анҷом додааст. Аз ҳамин ҷиҳат ҳам таълимоти ӯ аз ҷанбаҳои маҳалгаройӣ, қавмпарастӣ, таассуб, миллатгаройӣ ва мавзӯъҳои дигаре, ки андешаҳои тафриқаандозӣ дошта бошанд, дур мебошад. Воқеан ҳам, мазҳаби Монӣ аз садаи Ш то XV ҳамеша дар пешрафту густариш буда, аз нимкураи шимолии уқёнуси Атлантик то уқёнуси Оромро дар бар гирифта буд.

Мазмуни асосии мазҳаби монавия таълимоти дорои хусусияти рӯҳафтодагӣ аз осебпазирии рӯшноӣ ва нерумандии торикӣ ва ё ба тариқи дигар мавҷудияти ҳастии абадӣ ва комилан маҳвнопазирии некуҳои бадӣ дар зиндагии инсон мебошад. Бар хилофи тавҳиди комили бахшҳои куҳани «Авесто» монавия чунин мешуморад, ки ҷаҳон дорои ду асл буда, бадӣ, зиштӣ мисли хубӣ, некӣ ва рӯшноӣ дорои ҳастии абадӣ ва мустақил аст. Дини Монӣ бадиро бо модда ва ҷаҳони маҳсус вобаста карда, некиро бо рӯшноӣ ҳамчун рӯҳ пайваст менамояд. Монӣ мегуфт, ки худои некӣ ҳеҷ гуна яроқу аслиҳае барои ҷанг бо бадиҳо дар ихтиёр надорад. Ба ин далел ӯ наметавонад бо истифодаи зӯрӣ вазъи хуби гузаштаро бозгардонад, яъне рӯшноиро аз торикӣ ҷудо созад. Дар натиҷа, омезиши торикию рӯшноӣ падидаи бебозгашт аст. Вале Монӣ модда ё торикиро, мисли ҳамзамони юнонии худ Плотин натиҷаи хомӯш шуда истодани рӯшноӣ намедонист.1 Дар ин мазҳаб ҷаҳони торикӣ дар муқобили ҷаҳони рӯшноӣ қарор дода мешавад. Ба ақидаи Монӣ, таърихи ҷаҳон — таърихи муборизаи рӯшноӣ бо торикӣ, некӣ бо бадӣ ва худованд бо қувваҳои аҳриманӣ аст. Ба гуфтаи Монӣ, инсон офаридаи ҷаҳонии зулмат ва воситае дар дасти неруҳои зулмот барои мубориза бар зидди эзидони нуру рӯшноӣ аст.

Иқтибос аз китоби "Чеҳраҳои мондагор"-и Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Gallery

Calendar

  • business-portal_thumb.jpg