Ҳамкорӣ бо ширкатҳои кишоварзии Нидерланд

25.04.2019 02:50

Дар робита ба пайгирии мавзӯи ҷалби ширкатҳои хориҷӣ ба кишвар мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Брюссел бо мудирони идороти ширкатҳои нидерландии UNIQFLOW ва EVENTHIA хонум Фокси-Марҷолен ван дер Слайс ва ҷаноби Нико Грутендорст дар атрофи имкониятҳои ҳамкории судманд барои ҳарду ҷониб сурат гирифт.

Бо дарназардошти он, ки ширкатҳои номбаршуда дар соҳаи кишоварзӣ, бахусус парвариши гулу растаниҳо ва навъ мухталифи тухмии онҳо дар Нидерланд ва берун аз он машҳур буда, таҷрибаи пешқадами рушди соҳаро доранд, гуфтугӯйи пурмуҳтаво дар ин ҷода ба вуқӯъ пайваст.

Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории муштарак миёни ширкатҳои фавқуззикр ва Тоҷикистон дар соҳаи мавриди назар баррасӣ гардиданд, ки пайгирии татбиқи онҳо идома дорад.

25-07.jpg

 

Gallery

Calendar

  • business-portal_thumb.jpg