Маълумот оиди муваққатан қатъ гардидани парвозҳо ба самти Тоҷикистон

20.03.2020 16:30

Ҳамватанони азиз,

Бо арзи эҳтиром ба таваҷҷуҳи шумо мерасонем, ки тибқи қарори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии зуҳури бемории коронавирус ва таъмини амнияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷроиши парвозҳое, ки ба самти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд аз 20 марти соли 2020 муваққатан қатъ карда мешаванд.
Бо мақсади ба Ватан баргардонидани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон парвози хатсайри Дубай-Душанбе танҳо рӯзи 20.03.2020 амалӣ мегардад.

Бо эҳтиром,
Консулгарии генералии
Тоҷикистон дар Дубай

Gallery

Calendar

  • business-portal_thumb.jpg