Назризода Давлаталӣ Ҳайдар

29.09.2020 16:31

Capture.jpg

Назризода Давлаталӣ Ҳайдар

Назризода Давлаталӣ Ҳайдар 19 декабри соли 1961 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Маълумоташ олӣ – факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1987), шӯъбаи журналистикаи Мактаби олии комсомолии назди КМ ВЛКСМ дар Москва (1989), факултети соҳибкорӣ. ва молияи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизматро бо ихтисоси менеҷери иқтисод (1997) хатм кардааст.

Чанд сол дар вазифаҳои гуногуни созмони ҷумҳуриявии ҷавонон кор кардааст:

Солҳои 1987-1988 ҷонишини мудири шӯъбаи мактабҳо ва пешоҳангони кумитаи комсомоли вилояти Кӯлоб;

Солҳои 1989-1991 - ёрдамчии котиби якуми Кумитаи Марказии ЛКСМ Тоҷикистон;

Солҳои 1991 – 1993 котиби матбуоти Кумитаи Марказии ЛКСМ Тоҷикистон;

1993 - мудири шӯъбаи сиёсат ва фарҳанги Шӯрои Марказии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон;

Солҳои 1993-1996 сармуҳаррири рӯзномаи ҷумҳуриявии «Ҷавонони Тоҷикистон»;

Аз феврали соли 1996 дар кори дипломатӣ.

02.1996-02.2003 - муовини сардори Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

02.2003-03.2007 - мушовири Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус;

03.2007-04.2011 - сардори Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

04.2011-04.2013 - сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

04.2013-08.2016 - мушовири Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус;

01.2017-09.2020 - Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия.

Аз 28 сентябри соли 2020 - Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина.

Аз 2 августи соли 2021 - ҳамзамон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Молдова.

Рутбаи дипломатиаш Фиристодаи Фавқулодда ва Мухтори дараҷаи II.

Номзади илмҳои таърих.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2010 бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Барандаи Ҷоизаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар соҳаи журналистика (1995).

Барандаи Ҷоизаи Иттифоки журналистони Точикистон ба номи А. Лоҳутӣ (2000).

Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.

Оиладор, соҳиби чор фарзанд.

Gallery

Calendar

  • business-portal_thumb.jpg