ПАЁМОВАРОНИ СУЛҲУ ДӮСТӢ. 29 сентябр – Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ

29.09.2020 20:07

Истиқлолият дар рушди тамоми соҳаҳо, бавижа дипломатияи тоҷик такони азим ва ҷаҳиши бузург ба вуҷуд овард. Муҳимтарин нукта он аст, ки дипломатияи тоҷик аз доираи дипломатияи умумишӯравӣ раҳо гардида, комилан мустақил шуд ва характери миллӣ касб кард. Таваҷҷуҳ ба рушди дипломатияи миллӣ, роҳандозии муносиботи ҳасана бо шарикони стратегӣ, кишварҳои дӯст, давлатҳои минтақа ва ҳамзабон ва мамлакатҳое, ки бо назардошти манофеи миллии кишвари мо хоҳони густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистон мебошанд, ҳамвора дар маркази таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Чунин иброз дошт Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ Зубайдулло ЗУБАЙДЗОДА дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» дар арафаи Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон, ки имрӯз, 29 сентябр, таҷлил мегардад.  

Мавсуф ҳамчунин гуфт:

—  Ҷавҳари аслии ҳама гуна сиёсат манфиат аст ва дипломатияи миллӣ бояд муҳофизи манофеи миллии тоҷикон дар арсаи ҷаҳон бошад. Ба ақидаи кормандони соҳаи хизмати дипломатӣ, агар сиёсат масъалаи поянда будан тайи як ҳафта бошад, пас дипломатия зинда мондан дар даҳсолаи охир аст. Ба ин минвол, доираи масъалаҳои дипломатӣ фаротар аз сиёсат аст. Ба ибораи дигар, дипломатияи ботадбир уфуқҳои минбаъдаи сиёсатро муайян менамояд, барои рушди муносиботи ҳасана бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон замина фароҳам месозад, бобати таҳкими сулҳу субот дар кишвар, минтақа ва ҷаҳон нақши калидӣ мебозад. Нахустин санадҳои муайянкунандаи масири сиёсати хориҷии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи хизмати дипломатӣ» ва Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои решадор шудани фаъолияти кормандони хизмати дипломатӣ роҳи васеъ кушоданд.

Раванди таърих собит менамояд, ки дар солҳои аввали истиқлол дар рушди дипломатияи тоҷик шебу фарозҳои зиёдеро мушоҳида намудан мумкин аст. Бо вуҷуди мураккаб будани фазои сиёсӣ дар даврони низои дохилӣ ва ё замони ҷанги шаҳрвардӣ солҳои 1992-1997 бо дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дипломатияи тоҷик тавонист марҳилаи аввали ташаккулёбии сиёсати хориҷиро паси сар намояд. Дар ин солҳои душвор бо назардошти мушкилотҳои вазнини сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву гуманитарӣ, Президенти кишвар тамоми неруи худро танҳо барои баргардонидани гурезагону таҳкими истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон равон намуданд. Ин раванд барои ташаккулёбии дипломатияи тоҷик нақши таърихӣ ва сабақи бузург маҳсуб мегардад. Маҳз дар ин давра иртиботи мунтазам ва ҳамкории шариконаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои бонуфузи дунё, амсоли Созмони Милали Муттаҳид сурат гирифт. Бо миёнаварии СММ,  шарикони стратегӣ ва кишварҳои дӯст 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки дар ин самт дар баробари заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлат,  дипломатияи тоҷик низ бо ҳидоят ва роҳнамоии Президенти Тоҷикистон нақши созанда. Муҳимтар аз ин, дипломатияи тоҷик дар ҳалли низоъҳои дохилӣ, ҷалби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва кишварҳои калидӣ дар амри  оддисозии вазъи буғранҷи сиёсӣ дар мамлакат ва барпосозии суботи комил на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар минтақа таҷрибаи амалӣ андӯхт ва ҳамчун ниҳоди сиёсии боэътимод шакл гирифт. Кормандони хизмати давлатӣ дар солҳои пуртазоди ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 рисолати худро бо амри дил ва баҳои ҷон иҷро намуданд.

Дипломатияи тоҷик марҳилаи аввали ташаккули худро маҳз дар солҳои 90-уми қарни ХХ паси сар намуд. Президенти Тоҷикистон 29  сентябри соли 1993 зимни суханронии нахуст аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид роҳбарони мамлакатҳои ҷаҳонро аз ҳадаф ва мақсадҳои башардӯстонаи мақомоти олии роҳбарияти Тоҷикистон, таҳкими сулҳу амният ва роҳҳои расидан ба ҷомеаи дунявимеҳвар воқиф карданд. Сарвари давлати Тоҷикистон дар ин суханронии таърихӣ иброз доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътироф кардани асноди робитаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Ҳелсинки, Баёнияи Париж ва дигар санадҳо зербинои сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро бунёд намуда, эълон кард, ки инсон ва ҳуқуқу озодиҳои онро, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, мазҳабӣ, нажодӣ ва ҷинсӣ арзиши олӣ мешуморад. Соли 1993 дувоздаҳ созмони байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, соли 1994 ҳашт созмони байналмилалӣ, 1995 ду созмон ва соли 1996 ду созмони дигар намояндагиҳои худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода, ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Аз соли 2000-ум ба ин рӯ дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон давраи нави рушд оғоз гардид. Қабул гардидани Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2002, ки дар он моҳияту мундариҷа ва дурнамои сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ, роҳу василаҳо ва усулҳои амалисозиву самтҳои авлавиятноки он инъикос ёфта аст, ҳамчунин муаррифӣ гардидани сиёсати хориҷӣ таҳти унвони “дарҳои боз” дар соли 2003 барои боло бурдани обрӯйи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи боэътимод гузошт. Натиҷаи чунин сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Пешвои миллат буд, ки 176 кишвари ҷаҳон Истиқлоли давлатии моро ба расмият шинохтанд ва бо Тоҷикистон равобити дӯстона барқарор намуданд.

15-уми марти соли 2013 бо ифтитоҳи бинои нави Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди дипломатияи тоҷик саҳифаи нави таърихӣ боз гардид. Шароити фаъолияти кормандони вазорати корҳои хориҷӣ беҳтар шуд ва дар ин ҷода тағйироти миқдорӣ ва сифатӣ рӯйи кор омад. Дар доираи сиёсати “дарҳои боз” робитаҳо бо шарикони стратегӣ, давлатҳои минтақа, Иттиҳоди Аврупо, рушду таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо кишварҳои араб ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, ба монанди Арабистони Саудӣ, Қатар, Кувайт, Баҳрайн, Миср, Алҷазоир, Амороти Муттаҳидаи Араб, Ветнам, Индонезия, Малайзия, Ҷумҳурии Корея ва Япония, инчунин Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз самтҳои афзалиятнок ҳисобида шуд.

Пешбурди ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз самтҳои муҳими дастовардҳои дипломатиияи тоҷик дар даврони истиқлол ҳисобидан мумкин аст. Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни  суханронии худ пешниҳод карданд, ки соли 2003 Соли оби тоза эълон гардад. Дар асоси ин ташаббус 20 сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 ҳамчун Соли байналмилалии оби тоза эълон карда шуд. Ҳамчунин дар асоси пешниҳоди Президенти Тоҷикистон 23 декабри соли 2003 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар асоси Эъломияи Душанбе Қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2005-2015-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” эълон кард. Дастгирии ташаббуси дигари Эмомалӣ Раҳмон доир  ба эълони “Даҳсолаи амал об барои рушди устувор 2018-2028” дар сатҳи байналмилалӣ аз коромад ва ҳадафнок будани фаъолияти дипломатияи тоҷик дар даврони истиқлол гувоҳӣ медиҳад. Бидуни шубҳа, чунин ташаббусҳо имкон дод, ки Тоҷикистон дар арсаи ҷомеаи башар ҷои назаррасро ишғол намояд. Бо дарназардошти эълони даҳсолаи об ва силсилаи ибтикороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоили об кишвари мо дар “Global Water Agenda” — Рӯзномаи ҷаҳонии об   ҷои аввалро соҳиб буда, кишварҳои пешрафта, ба монанди Ҷопон, Нидерланд, Маҷористон,  Исроил ва як зумра дигар давлатҳо дар ҷойҳои баъдӣ қарор доранд. Исботи ин гуфтаҳо сухани Дабири кулли СММ Антониу Гутеррреш аст, ки мегӯяд: “Тоҷикистон дар ҷодаи пешбурди масоили обӣ ва ҷаҳонигардонии ин рӯзномаи мубрам дар миқёси байналмилалӣ кишвари пешсаф мебошад”.

Гуфтан ҷоиз аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз бо ҷаҳду талошҳои рӯзафзуни хеш Тоҷикистонро аз майдони набарду мубориза ба саҳнаи баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсии байналмилалӣ табдил доданд. Тоҷикистон дар байни мамолики ҷаҳон бо имиҷи нав — кишвари куҳанбунёду мутамаддин, башардӯст, меҳмоннавоз ва дорои захираҳои бузурги сарватҳои табиӣ мавқеъ пайдо кард. Дар роҳи расидан ба ин дастовардҳо бо раҳнамоии Пешвои миллат дипломатияи тоҷик низ саҳми худро гузошт.

Хулосаи мантиқӣ он аст, ки дипломатияи тоҷик дар замони истиқлол марҳилаҳои ташаккулро сарфарозона аз сар гузаронида, ба як ниҳоди боэътимоду муташаккил бадал гардид ва пайваста барои амалӣ гардонидани сиёсати хориҷии хирадмандона ва ҳадафноки Пешвои миллат саҳми босазо мегузорад. Дипломатҳоро паёмовари сулҳу дӯстӣ меноманд ва бошад, ки ин қосидони сулҳ бобати мустаҳкам намудани сарҳалқаҳои заррини занҷираи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳон пайваста ҷаҳд варзанд.

Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 11 октябри соли равон баргузор хоҳад гардид, бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки бо интихоби муҷаддади Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти дипломатҳои тоҷик ба марҳилаи сифатан нави таърихӣ ворид хоҳад шуд.

Gallery

Calendar

  • business-portal_thumb.jpg