Ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки ҳолатҳои қаллобӣ оид ба таъмини кор дар Подшоҳии Муттаҳида аз ҷониби шахсони алоҳида нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд гашта истодаанд.
Аз ин лиҳоз, аз шаҳрвандон изҳори хоҳиш мегардад, ки ба ваъдаву пешниҳодҳои шахсони алоҳида доир ба таъмини раводиди Подшоҳӣ ва дарёфти ҷои кор дар Подшоҳии Муттаҳида бовар накунанд.
Инчунин, тавсия дода мешавад, ки пеш аз ҳамкорӣ бо ширкатҳои хориҷӣ, маълумоти расмии он ширкатҳо тавассути торнамои мазкур https://find-and-update.company-information.service.gov.uk/ дарёфт гардида, мавриди омузиш қарор дода шавад.
Дар сурати бо ҳолати қаллобӣ дучор шудан, зарур аст, ки маълумоти пурраро доир ба ҳолати қаллобӣ тавассути торнамои мазкур https://www.gov.uk/report-immigration-crime ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Подшоҳии Муттаҳида пешниҳод кард.
Лозим ба ёдоварист, ки айни ҳол ширкатҳои корфармои Подшоҳии Муттаҳида (Pro-Force Recruitment, Agri-HR, Concordia) танҳо шаҳрвандонеро, ки дар чаҳорчуби қонунҳои дахлдори Подшоҳии Муттаҳида дар барномаи корҳои мавсимӣ беш аз ду маротиба иштирок кардаанд, ба корҳои муваққатӣ ҷалб карда истодаанд.