Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳ мерасонад, ки рӯзи 1 марти соли 2020 интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Бинобар ин, Сафорат тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар қаламрави Япония зиндагӣ ва ё муваққатан қарор доранд 1 марти соли 2020 аз соати 08:00 то 20:00 барои овоздиҳӣ ба участкаи интихоботӣ дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Токио даъват менамояд.
Бо худ доштани шиносномаи амалкунандаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад.
Суроғаи Сафорат: Камиосаки 1-5-42, Шинагава-ку, Токио
Тел. барои маълумот: +81 3 6721 7455