ЭЪЛОН

17.02.2025 16:04

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вена ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди кишварҳои Австрия, Маҷористон, Норвегия, Руминия ва Словакия иқомат мекунанд, мерасонад, ки рӯзи якшанбе, 2 марти соли 2025 аз соати 08:00 то 20:00 ба вақти маҳаллӣ дар бинои Сафорат интихоботи даъвати нави вакилон ба Малиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Ба ин муносибат, аз ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он рӯз дар ҳудуди кишварҳои мазкур қарор доранд ва то рӯзи интихобот ба синни 18 расидаанд, эҳтиромона даъват менамоем, ки дар интихобот иштирок кунанд.

Барои раъйдиҳӣ шаҳрвандон бояд бо худ шиносномаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошанд.

 Суроғаи Сафорат: Hutweidengasse 47, 1190, Vienna, Austria, Тел.:  +43(0) 1 4098266

Gallery

Calendar

  • business-portal_thumb.jpg