Ба диққати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Австрия қарор доранд

17.03.2020 04:00

Ҳамватанони азиз,
Бо назардошти шуюи коронавирус (COVID-19) дар аксари кишварҳои олам ва эълон гардидани ҳамагирии ҷаҳонӣ (пандемия) аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии беҳдошт, мақомоти марбутаи Австрия низ як қатор чораҳои заруриро ҷиҳати пешгирӣ намудани паҳншавии COVID-19 амалӣ намуда истодаанд.

Бинобар ин, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки чораҳои пешгирикунандаи мазкур ва қоидаҳои будубоши кишвари маҳалли иқоматро риоя намуда, аз ҳузур дар ҷойҳои ҷамъиятии серодам худдорӣ варзед.

Ҷиҳати мусоидат дар ҳалли мушкилоти марбут ба COVID-19 метавонед ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Австрия муроҷиат намоед.

Суроға: Hutweidengasse 47, 1190 Vienna, Austria
Тел.: + 43 (0) 1 4098266, +436601779881, +436601410270
E-mail: consular@tajikembassy.at
www.mfa.tj/vienna

Gallery

Calendar