Дастовардҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон

26.01.2021 10:10

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар даврони истиқлол на танҳо равобити судманд бо ҷаҳони хориҷ барқарор созад, балки бо пайдо намудани равиши хоси дипломатияи худ, ки бар ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ҳамчун як кишвари фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масоили глобалӣ шинохта шавад.

Бояд хотирнишон сохт, ки барқарории равобити хориҷӣ ва шиносонидани Тоҷикистон чун кишвари мустақил яке аз муҳимтарин ва дар айни ҳол мушкилтарин бахшҳои давлатсозӣ дар солҳои аввали истиқлол буд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 29 сентябри соли 1993 нахустин бор аз минбари Созмони Милали Муттаҳид сухан ронда, ҷомеаи ҷаҳониро бо ҳадафи сиёсии сулҳҷӯёна ва таҳкиму тақвияти ҳамкорӣ бо кишварҳои дӯсту сулҳпарвари ҷаҳон ошно намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътироф кардани асноди робитаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Ҳелсинки, Баёнияи Париж ва дигар санадҳо зербинои сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро бунёд намуда, эълон кард, ки инсон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онро, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, мазҳабӣ, нажодӣ ва ҷинсӣ арзиши олӣ мешуморад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди сиёсати хориҷӣ ва тақвияти ҷойгоҳу нуфузи худ дар арсаи ҷаҳонӣ ба комёбиҳои назаррас ноил шуд. Тавсеаи равобит бо кишварҳо ва созмонҳои олам бо ҳифзи манофеи миллӣ ва риояи манфиати шарикон асоси сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Мусаллам аст, ки обрӯ ва нуфузи имрӯзаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ самараи талоши пайгирона ва хастагинопазири Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Ӯ бо қабули масъулияти кишвар дар солҳои басо вазнин ва пайгирии ҳадафи олии созандагӣ манфиати умумимиллиро аз манфиатҳои дигар боло гузошта, боварии халқро соҳиб гардид. Корҳое, ки тайи солҳои гузашта анҷом дод, боис шуд, ки дар дохили мамлакат тамоми халқ, махсусан равшанфикрон ва нерӯҳои ақлонӣ ба нақшаву барномаҳои ояндаи ӯ бо диди умед бингаранд ва бо боварӣ пайрави роҳаш бошанд.

Президенти мо ҳанӯз дар рӯзҳои душвор ва печидаи кишвар, дар ташаккули сиёсати хориҷии Тоҷикистон, роҳандозии тамосу равобити дӯстона бо кишварҳои гуногун, созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявии ҷаҳонӣ ва муаррифии кишвару миллат дар ақсои олам нақши созанда ва беназир дорад. Даҳҳо кишвари хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон намояндагиҳои худро боз намуда, ҳамзамон дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон – аз Осиё то Аврупо ва аз Африқо то Амрико намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Тоҷикистон баҳри таҳкиму густариши ҳамкориҳои ду ва чандҷониба муваффақона фаъолият доранд.

Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуда, аз минбари онҳо ташаббусу ибтикорҳои созандаи Президенти кишвар ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷаҳону минтақа, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, маводди мухаддир, ҷиноятҳои муташаккилонаи фаромиллӣ, масъалаҳои экологӣ ва амсоли он ба самъи ҷаҳониён расонида мешавад. Махсусан, силсилаи ташаббусҳои Пешвои миллат дар робита ба ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон, бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти мавзӯъ, боиси ба гунаи хос муаррифӣ шудани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардид. Ҳамчунин, ӯ пайваста аз паёмади номатлуби тағйирёбии иқлим бонги хатар зада, зимни таъкид бар зарурати омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо, рушди устувори кишварҳои куҳсор ва таваҷҷуҳ ба рушди энергияи таҷдидшаванда ҷомеаи ҷаҳониро ба иқдому ҳамкории наздик даъват менамояд. 

Эмомалӣ Раҳмон муаллифи чор ташаббуси бузургест, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ шудан доранд: «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028».

Бояд гуфт, ташаббусҳо дар соҳаи об, пеш аз ҳама ба таҳкими ҳамкорӣ ва танзими муносибат дар ин соҳаи ҳаётан муҳим нигаронида шуда, мавзӯи обро аз чаҳорчӯбаи фаҳмиши классикӣ ва куҳнашудаи он раҳо мекунанд ва назари навро дар истифодаи захираҳои обии минтақа талқин менамоянд, ҳадафи истифодаи таҷрибаи пешрафтаи якдигар ва ҷаҳонро дар ҳалли масъалаҳои пурбаҳсу низоъангез, аз ҷумла, идоракунии захираҳои оби дарёҳои сарҳадгузар пайгирӣ мекунанд.

Гузашта аз ин, саъю талоши пайгиронаи Пешвои миллат барои барқарории сулҳу субот ва сарҷамъии миллӣ басо нодир ва арзишманд арзёбӣ мегарданд. Имрӯзҳо таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар бобати ҳалли мусолиматомези низоъ ҳам аз лиҳози назариявӣ ва ҳам аз нигоҳи амалӣ ба сарвати илми сиёсатшиносии ҷаҳонӣ мубаддал шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ғайр аз ин ки роҳи моро барои пешрафти минбаъда равшан кард, аҳамияти байналмилалӣ низ дорад ва метавонад ҷиҳати ҳалли мушкилоти кишварҳои гуногун мавриди истифода қарор гирад. Беҳуда нест, ки таҷрибаи мо дар самти таъмини сулҳ, ба Ватан ва макони зисти доимиашон баргардондани қариб як миллион гуреза ва ташкили ҳамгироии иҷтимоӣ аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо воқеъбинона арзёбӣ шуда, ҳамчун шеваи нодири сулҳофарӣ эътироф гардидааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои ташаккулёбӣ ва тараққиёти давлати озод худро ҳамчун шахси дурандеш ва ақидаи устувордошта нишон дод. Он солҳо ӯ бевосита худ ба гӯшаҳои дурдасттарини кишвар рафта, бо вазъият шахсан ошно мегардиду бо мардуми ҷангзада мулоқот мегузаронд. Пешвои миллати мо худ аз халқ аст ва бинобар ин мушкилоти зиндагӣ ва ҳиссиёти халқи оддиро ба хубӣ дарк мекунад.
Пешниҳод ва татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар кишвар, ояндабинии боъэтимод баҳри инкишофи иқтисодиву иҷтимоӣ, пешбурди муносибатҳои дипломатии бо эътимод бо кишварҳои шарик, ташаббус дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, устувор гардонидани давлатдории дунявӣ дар асоси принсипҳои демократӣ ва дигар ташаббусҳои муҳими сиёсатмадори волоназар, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тоҷиконро ҳамчун миллати тамаддунофар дар ҷаҳон муаррифӣ карда, минбаъд низ ҷойгоҳи шоистаи Тоҷикистонро дар ҷаҳони муосир таъмин менамояд.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва муносибатҳои пуртазодди сиёсӣ ҳамон миллате манфиатҳои худро ҳимоя карда метавонад, ки Пешвои худро дошта бошад, ҳамдилу ҳамақида бошад ва баҳри амалигардонии идеяи ягонаи миллӣ қадам ниҳад, зеро раванди ташаккули низоми ҷаҳон имрӯза ба марҳилаи нав расидааст, ки хусусияти барҷастаи он - рақобат ва танишҳои ду майлони асосӣ: ҷаҳони якқутбӣ ва ҷаҳони бисёрқутбӣ ҳарчи бештар ошкортар ва шадидтар мегарданд. Ҳоло Афғонистон, Ироқ, Сурия, Яман ва Африқои Шимолӣ барои бозигарони асосии саҳнаи сиёсии ҷаҳон на танҳо майдони мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ ва қочоқи маводди мухаддир, балки майдони талош барои роҳ ёфтан ба минтақа, зери назорат даровардани манбаъҳои энергетикӣ, касби нуфузи бештар ва мавқеъҳои муносибтари геополитикию геостратегӣ шудаанд.

Дар чунин дунёи пурталотум сиёсати хориҷии мустақил ва озод, ки тавассути Пешвои миллат роҳандозӣ ва ҳидоят мешавад, ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки бо чанд маркази муҳимми қудрат ва бозигарони асосии ҷаҳон ва минтақа муносибати ботавозун ва баробар дошта бошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гузаштан аз марҳалаи аввали пас аз истиқлол, ки даврони ба эътидол овардани вазъият ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ буд, дарҳои худро ба рӯи кишварҳои олам боз кард ва бо эъломи «сиёсати дарҳои боз» равобити байналмилалиро баҳри муаррифии Тоҷикистон дар ҷаҳон ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои бозсозии кишвар оғоз намуд, ки ин сиёсат имрӯз ҳам бомуваффақият идома дорад. Имрӯз мо самараи чунин робитаи гуногунсамту гуногунҷабҳаро дар арсаҳои мухталиф мебинем. Ин сиёсат боис шуд, то кишвари мо на танҳо мақом ва нуфузи худро дар арсаи байналмилалӣ қавитар созад, балки бо ёфтани равиши хосси дипломатияи худ, дар ҳалли масоили минтақавӣ ва ҷаҳонӣ фаъолона иштирок намояд. Тоҷикистон бар асари талошҳои муассир ва масъалагузориҳои мантиқию саривақтии Президенти кишвар имрӯз дар арсаи байналмилалӣ як кишвари фаъолу ташаббускор шинохта шудааст.

Тоҷикистон, бо истифода аз асли сиёсати «дарҳои боз» ва бисёрсамтӣ робитаи худро бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди Аврупо, ИМА, Ҷанубу Шарқи Осиё, кишварҳои арабӣ, олами ислом густариш дода, аз имконият ва мавридҳои муносибе, ки имрӯз ва дар оянда пеш хоҳанд омад, ба манфиатҳои миллии хеш истифода мебарад.

Бояд гуфт, сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати санҷидашуда, прагматикӣ ва воқеъбинона буда, ҳамзамон бо пазириши меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ ва эҳтиром ба манофеи шарикон, риояи қатъии манфиатҳои миллиро дар фаъолияти дипломатӣ дар мадди аввал мегузорад. Имрӯз Тоҷикистон бо 186 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, 192 давлат истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман эътироф кардааст. Тоҷикистон дар созмонҳои минтақавӣ ва аксар созмонҳои байналмилалӣ узвият дошта, аз арзишҳо ва манофеи миллӣ дифоъ мекунад, дар масоили ҷаҳонӣ назари худро матраҳ месозад ва пешниҳодҳои мушаххасро дар бораи ҳалли ин масоил ба миён мегузорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлол худ ҳамкории густурдаи минтақавиро воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ дониста, ҷонибдори ҳамзистии осоишта ва дӯстонаи мардумони минтақа мебошад.

Умумияти ҳадафу вазифаҳое, ки дар назди давлатҳои мо қарор доранд, зарурати рушду таҳкими муносибатҳои байниҳамдигарии онҳоро бар пояи дӯстӣ, эътимод ва ҳамкории судманд, аз ҷумла дар арсаи тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва иҷтимоиёт таъкид менамоянд. Бо такя ба ин усул мо метавонем ҳамкориро дар соҳаи амният низ густариш бахшида, ҳамроҳ бар зидди таҳдиду хатарҳои глобалии муосир дар минтақа муқовимат ва истодагарӣ намоем.

Ҳамгироии созандаи минтақавӣ ба манфиати ҳамаи давлату халқҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди минбаъдаи ҳамкориро бо кишварҳои ҳамсоя муҳим арзёбӣ намуда, ҷонибдори ташаккули бештари фазои мусоиди муносибат бо онҳост.

Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ва густариши муносибатҳои дуҷонибаи босубот ва дарозмуддат бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеъ ва моҳҳияти хос дорад. Вобаста ба ин, кишвари мо пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки заминаи ҳарчи мусоидро барои густариши муносибатҳои гуногунҷанба ва судманд дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фароҳам оварад.

Муносибатҳои Тоҷикистон бо давлатҳои калидӣ ва дигар кишварҳои Осиё хусусияти шарикӣ пайдо карда истодаанд, ки далели равшани ҳадафҳои созандаи мо мебошанд. Мо минбаъд низ ҳамкориро дар чунин руҳияи созанда ва робитаи беғаразу дӯстона бо кишварҳои Осиё идома хоҳем дод.

Ҳамкорӣ бо кишварҳои Ғарб дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми хосса дорад. Мо ҷонибдори рушди минбаъдаи равобити Тоҷикистон бо ин гурӯҳи кишварҳо, ки шарикони муҳимми байналмилалии мо маҳсуб мешаванд, дар асоси усулҳои ҳусни тафоҳум, эҳтироми якдигар ва барои ҷонибҳо судманд мебошем.

Дар баробари ин, кишвари мо бо мақсади фаъол гардидани муносибат ва ҳамкорӣ бо кишварҳои самти ҷануби Африка ва Америкаи Лотинӣ тадбирҳо меандешад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимои Созмони Милали Муттаҳид (ЭКОСОК) ворид шудааст. Ин як дастоварди дигари байналмилалӣ ва нишонаи обрӯ ва эътибори роҳбарияти мамлакат дар назди созмонҳои байналмилалист. Кишвари мо, дар ниҳодҳои дигари СММ, монанди Комиссияи маводи мухаддир ва Комиссия мақоми зан узвият дорад. Айни ҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 57 созмони минтақавию байналмилалӣ узвият дошта, ҳамроҳ бо дигар кишварҳо дар ҳаллу фасли мушкилоти сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳон нақш мегузорад.

Кишвари мо ба шарофати сиёсати “дарҳои боз” ҳамкории мутақобилан судмандро бо як рада созмонҳои иқтисодӣ ва ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО), Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (OECD), Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки Осиёии рушд, Бонки исломии рушд, Бонки авруосиёии рушд ва Бонки навтаъсиси осиёии сармоягузории зерсохторӣ.

Дар марҳилаи кунунӣ принсипҳои асосӣ ва анъанаҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳалли масъалаҳои боафзалияти рушди кишвар, аз ҷумла таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, тақвияти ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ равона шуд. Дар ин муддат сиёсати «дарҳои боз», чун фарҳанги ҳамзистӣ бо олами имрӯз аз ҷониби роҳбарияти кишвар муаррифӣ гардида, дар асоси он сиёсати хориҷии бисёрсамта, ботавозун ва прагматикӣ тарҳрезӣ шуд ва тавсеаву таҳкими робитаҳои дӯстона ва ҳамкории судманд бо кишварҳои гуногуни олам роҳандозӣ гашт. Ба шарофати ин сиёсат Тоҷикистон мавқеи худро дар сиёсати байналмилалӣ мустаҳкам сохта, бо назардошти манфиатҳои миллӣ тавозуни муносибат ва манфиатҳои худро таъмин кард. Сиёсати “дарҳои боз” меҳвари сиёсати хориҷии Тоҷикистонро таҷассум мекунад. Бархе аз натиҷаи ин сиёсатро метавон чунин баршумурд:

Ҳар сол миёни Тоҷикистон ва беш аз 100 кишвари ҷаҳон табодули мол сурат мегирад. Соли 2013 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи яке аз созмонҳои бонуфузтарини дунё - Созмони Умумиҷаҳонии Савдо гардид.

То имрӯз Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни олам беш аз 2100 ҳуҷҷати дуҷониба ба имзо расонидааст, ки масъалаҳои муносибату ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, ҳарбӣ-техникӣ, амният, илм, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳо фаро мегиранд.

Ағлаби ташаббусҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҳаллу фасли мухолифати шаҳрвандӣ тариқи гуфтушунид, мусоидат ба ҳалли мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии Афғонистон, рушди ҳамкории минтақавӣ, як зумра ташаббусҳо роҷеъ ба истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир, инчунин дигар пешниҳодҳои арзишманди роҳбарияти Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозӣ ва дастгирӣ пайдо намудаанд.

Бояд хотирнишон сохт, ки дар ин давра Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бештар аз 350 санади байналмилалӣ ба мисли Конвенсияҳо, Хартияҳо ва Эъломияҳои байналмилалӣ аъзо шуда, уҳдадориҳои худро дар мавриди расидан ба ҳадафҳои ҷаҳонӣ, аз қабили рушди иҷтимоӣ, беҳбуди вазъи иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва амсоли он иҷро менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созмони илмию фарҳангии СММ (ЮНЕСКО) низ ба дастовардҳое дар заминаи муаррифии осори фарҳангию таърихии миллати тоҷик ноил шуд, ки ба чанде аз онҳо ишора мекунем:

соли 2002 пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба ҳайси “Шаҳри сулҳ” сазовори ҷоизаи ЮНЕСКО гардид;

соли 2003 “Шашмақом” ҳамчун мусиқии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба ҳайси шоҳкории шифоҳӣ ва фарҳангии мероси ғайримоддии башарият ба феҳристи ЮНЕСКО ворид карда шуд;

соли 2010 бо қарори 34-умин ҷаласаи Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шаҳраки қадимаи «Саразм» ба феҳристи мероси фарҳангии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд;

соли 2013 бо қарори 36-умин ҷаласаи Кумитаи Мероси Умумиҷаҳонии ЮНЕСКО “Боғи миллии Тоҷикистон – Куҳҳои Помир” ба феҳристи Мероси табии Умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардид;

соли 2013 дар шаҳри Париж дар қароргоҳи ЮНЕСКО муаррифии китоби «Меъмори сулҳ», ки ба саҳми пурарзиши Президенти Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу суботи комил дар кишвар бахшида шуда буд, баргу

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар даврони истиқлол на танҳо равобити судманд бо ҷаҳони хориҷ барқарор созад, балки бо пайдо намудани равиши хоси дипломатияи худ, ки бар ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ҳамчун як кишвари фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масоили глобалӣ шинохта шавад.

Бояд хотирнишон сохт, ки барқарории равобити хориҷӣ ва шиносонидани Тоҷикистон чун кишвари мустақил яке аз муҳимтарин ва дар айни ҳол мушкилтарин бахшҳои давлатсозӣ дар солҳои аввали истиқлол буд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 29 сентябри соли 1993 нахустин бор аз минбари Созмони Милали Муттаҳид сухан ронда, ҷомеаи ҷаҳониро бо ҳадафи сиёсии сулҳҷӯёна ва таҳкиму тақвияти ҳамкорӣ бо кишварҳои дӯсту сулҳпарвари ҷаҳон ошно намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътироф кардани асноди робитаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Ҳелсинки, Баёнияи Париж ва дигар санадҳозербинои  сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро бунёд намуда, эълон кард, ки инсон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онро, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, мазҳабӣ, нажодӣ ва ҷинсӣ арзиши олӣ мешуморад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди сиёсати хориҷӣ ва тақвияти ҷойгоҳу нуфузи худ дар арсаи ҷаҳонӣ ба комёбиҳои назаррас ноил шуд. Тавсеаи равобит бо кишварҳо ва созмонҳои олам бо ҳифзи манофеи миллӣ ва риояи манфиати шарикон асоси сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Мусаллам аст, ки обрӯ ва нуфузи имрӯзаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ самараи талоши пайгирона ва хастагинопазири Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Ӯ бо қабули масъулияти кишвар дар солҳои басо вазнин ва пайгирии ҳадафи олии созандагӣ манфиати умумимиллиро аз манфиатҳои дигар боло гузошта, боварии халқро соҳиб гардид. Корҳое, ки тайи солҳои гузашта анҷом дод, боис шуд, ки дар дохили мамлакат тамоми халқ, махсусан равшанфикрон ва нерӯҳои ақлонӣ ба нақшаву барномаҳои ояндаи ӯ бо диди умед бингаранд ва бо боварӣ пайрави роҳаш бошанд.

Президенти мо ҳанӯз дар рӯзҳои душвор ва печидаи кишвар, дар ташаккули сиёсати хориҷии Тоҷикистон, роҳандозии тамосу равобити дӯстона бо кишварҳои гуногун, созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявии ҷаҳонӣ ва муаррифии кишвару миллат дар ақсои олам нақши созанда ва беназир дорад. Даҳҳо кишвари хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон намояндагиҳои худро боз намуда, ҳамзамон дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон – аз Осиё то Аврупо ва аз Африқо то Амрико намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Тоҷикистон баҳри таҳкиму густариши ҳамкориҳои ду ва чандҷониба муваффақона фаъолият доранд.

Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуда, аз минбари онҳо ташаббусу ибтикорҳои созандаи Президенти кишвар ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷаҳону минтақа, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, маводди мухаддир, ҷиноятҳои муташаккилонаи фаромиллӣ, масъалаҳои экологӣ ва амсоли он ба самъи ҷаҳониён расонида мешавад. Махсусан, силсилаи ташаббусҳои Пешвои миллат дар робита ба ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон, бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти мавзӯъ, боиси ба гунаи хос муаррифӣ шудани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардид. Ҳамчунин, ӯ пайваста аз паёмади номатлуби тағйирёбии иқлим бонги хатар зада, зимни таъкид бар зарурати омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо, рушди устувори кишварҳои куҳсор ва таваҷҷуҳ ба рушди энергияи таҷдидшаванда ҷомеаи ҷаҳониро ба иқдому ҳамкории наздик даъват менамояд. 

Эмомалӣ Раҳмон муаллифи чор ташаббуси бузургест, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ шудан доранд: «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028».

Бояд гуфт, ташаббусҳо дар соҳаи об, пеш аз ҳама ба таҳкими ҳамкорӣ ва танзими муносибат дар ин соҳаи ҳаётан муҳим нигаронида шуда, мавзӯи обро аз чаҳорчӯбаи фаҳмиши классикӣ ва куҳнашудаи он раҳо мекунанд ва назари навро дар истифодаи захираҳои обии минтақа талқин менамоянд, ҳадафи истифодаи таҷрибаи пешрафтаи якдигар ва ҷаҳонро дар ҳалли масъалаҳои пурбаҳсу низоъангез, аз ҷумла, идоракунии захираҳои оби дарёҳои сарҳадгузар пайгирӣ мекунанд.

Гузашта аз ин, саъю талоши пайгиронаи Пешвои миллат барои барқарории сулҳу субот ва сарҷамъии миллӣ басо нодир ва арзишманд арзёбӣ мегарданд. Имрӯзҳо таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар бобати ҳалли мусолиматомези низоъ ҳам аз лиҳози назариявӣ ва ҳам аз нигоҳи амалӣ ба сарвати илми сиёсатшиносии ҷаҳонӣ мубаддал шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ғайр аз ин ки роҳи моро барои пешрафти минбаъда равшан кард, аҳамияти байналмилалӣ низ дорад ва метавонад ҷиҳати ҳалли мушкилоти кишварҳои гуногун мавриди истифода қарор гирад. Беҳуда нест, ки таҷрибаи мо дар самти таъмини сулҳ, ба Ватан ва макони зисти доимиашон баргардондани қариб як миллион гуреза ва ташкили ҳамгироии иҷтимоӣ аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо воқеъбинона арзёбӣ шуда, ҳамчун шеваи нодири сулҳофарӣ эътироф гардидааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои ташаккулёбӣ ва тараққиёти давлати озод худро ҳамчун шахси дурандеш ва ақидаи устувордошта нишон дод. Он солҳо ӯ бевосита худ ба гӯшаҳои дурдасттарини кишвар рафта, бо вазъият шахсан ошно мегардиду бо мардуми ҷангзада мулоқот мегузаронд. Пешвои миллати мо худ аз халқ аст ва бинобар ин мушкилоти зиндагӣ ва ҳиссиёти халқи оддиро ба хубӣ дарк мекунад.
Пешниҳод ва татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар кишвар, ояндабинии боъэтимод баҳри инкишофи иқтисодиву иҷтимоӣ, пешбурди муносибатҳои дипломатии бо эътимод бо кишварҳои шарик, ташаббус дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, устувор гардонидани давлатдории дунявӣ дар асоси принсипҳои демократӣ ва дигар ташаббусҳои муҳими сиёсатмадори волоназар, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тоҷиконро ҳамчун миллати тамаддунофар дар ҷаҳон муаррифӣ карда, минбаъд низ ҷойгоҳи шоистаи Тоҷикистонро дар ҷаҳони муосир таъмин менамояд.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва муносибатҳои пуртазодди сиёсӣ ҳамон миллате манфиатҳои худро ҳимоя карда метавонад, ки Пешвои худро дошта бошад, ҳамдилу ҳамақида бошад ва баҳри амалигардонии идеяи ягонаи миллӣ қадам ниҳад, зеро раванди ташаккули низоми ҷаҳон имрӯза ба марҳилаи нав расидааст, ки хусусияти барҷастаи он - рақобат ва танишҳои ду майлони асосӣ: ҷаҳони якқутбӣ ва ҷаҳони бисёрқутбӣ ҳарчи бештар ошкортар ва шадидтар мегарданд. Ҳоло Афғонистон, Ироқ, Сурия, Яман ва Африқои Шимолӣ барои бозигарони асосии саҳнаи сиёсии ҷаҳон на танҳо майдони мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ ва қочоқи маводди мухаддир, балки майдони талош барои роҳ ёфтан ба минтақа, зери назорат даровардани манбаъҳои энергетикӣ, касби нуфузи бештар ва мавқеъҳои муносибтари геополитикию геостратегӣ шудаанд.

Дар чунин дунёи пурталотум сиёсати хориҷии мустақил ва озод, ки тавассути Пешвои миллат роҳандозӣ ва ҳидоят мешавад, ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки бо чанд маркази муҳимми қудрат ва бозигарони асосии ҷаҳон ва минтақа муносибати ботавозун ва баробар дошта бошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гузаштан аз марҳалаи аввали пас аз истиқлол, ки даврони ба эътидол овардани вазъият ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ буд, дарҳои худро ба рӯи кишварҳои олам боз кард ва бо эъломи «сиёсати дарҳои боз» равобити байналмилалиро баҳри муаррифии Тоҷикистон дар ҷаҳон ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои бозсозии кишвар оғоз намуд, ки ин сиёсат имрӯз ҳам бомуваффақият идома дорад. Имрӯз мо самараи чунин робитаи гуногунсамту гуногунҷабҳаро дар арсаҳои мухталиф мебинем. Ин сиёсат боис шуд, то кишвари мо на танҳо мақом ва нуфузи худро дар арсаи байналмилалӣ қавитар созад, балки бо ёфтани равиши хосси дипломатияи худ, дар ҳалли масоили минтақавӣ ва ҷаҳонӣ фаъолона иштирок намояд. Тоҷикистон бар асари талошҳои муассир ва масъалагузориҳои мантиқию саривақтии Президенти кишвар имрӯз дар арсаи байналмилалӣ як кишвари фаъолу ташаббускор шинохта шудааст.

Тоҷикистон, бо истифода аз асли сиёсати «дарҳои боз» ва бисёрсамтӣ робитаи худро бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди Аврупо, ИМА, Ҷанубу Шарқи Осиё, кишварҳои арабӣ, олами ислом густариш дода, аз имконият ва мавридҳои муносибе, ки имрӯз ва дар оянда пеш хоҳанд омад, ба манфиатҳои миллии хеш истифода мебарад.

Бояд гуфт, сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати санҷидашуда, прагматикӣ ва воқеъбинона буда, ҳамзамон бо пазириши меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ ва эҳтиром ба манофеи шарикон, риояи қатъии манфиатҳои миллиро дар фаъолияти дипломатӣ дар мадди аввал мегузорад. Имрӯз Тоҷикистон бо аксарияти кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, 161 давлат истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман эътироф кардааст. Тоҷикистон дар созмонҳои минтақавӣ ва аксар созмонҳои байналмилалӣ узвият дошта, аз арзишҳо ва манофеи миллӣ дифоъ мекунад, дар масоили ҷаҳонӣ назари худро матраҳ месозад ва пешниҳодҳои мушаххасро дар бораи ҳалли ин масоил ба миён мегузорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлол худ ҳамкории густурдаи минтақавиро воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ дониста, ҷонибдори ҳамзистии осоишта ва дӯстонаи мардумони минтақа мебошад.

Умумияти ҳадафу вазифаҳое, ки дар назди давлатҳои мо қарор доранд, зарурати рушду таҳкими муносибатҳои байниҳамдигарии онҳоро бар пояи дӯстӣ, эътимод ва ҳамкории судманд, аз ҷумла дар арсаи тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва иҷтимоиёт таъкид менамоянд. Бо такя ба ин усул мо метавонем ҳамкориро дар соҳаи амният низ густариш бахшида, ҳамроҳ бар зидди таҳдиду хатарҳои глобалии муосир дар минтақа муқовимат ва истодагарӣ намоем.

Ҳамгироии созандаи минтақавӣ ба манфиати ҳамаи давлату халқҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди минбаъдаи ҳамкориро бо кишварҳои ҳамсоя муҳим арзёбӣ намуда, ҷонибдори ташаккули бештари фазои мусоиди муносибат бо онҳост.

Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ва густариши муносибатҳои дуҷонибаи босубот ва дарозмуддат бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеъ ва моҳҳияти хос дорад. Вобаста ба ин, кишвари мо пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки заминаи ҳарчи мусоидро барои густариши муносибатҳои гуногунҷанба ва судманд дар  фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фароҳам оварад.   

Муносибатҳои Тоҷикистон бо давлатҳои калидӣ ва дигар кишварҳои Осиё хусусияти шарикӣ пайдо карда истодаанд, ки далели равшани ҳадафҳои созандаи мо мебошанд. Мо минбаъд низ ҳамкориро дар чунин руҳияи созанда ва робитаи беғаразу дӯстона бо кишварҳои Осиё идома хоҳем дод.

Ҳамкорӣ бо кишварҳои Ғарб дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми хосса дорад. Мо ҷонибдори рушди минбаъдаи равобити Тоҷикистон бо ин гурӯҳи кишварҳо, ки шарикони муҳимми байналмилалии мо маҳсуб мешаванд, дар асоси усулҳои ҳусни тафоҳум, эҳтироми якдигар ва барои ҷонибҳо судманд мебошем.

Дар баробари ин, кишвари мо бо мақсади фаъол гардидани муносибат ва ҳамкорӣ бо кишварҳои самти ҷануби Африка ва Америкаи Лотинӣ   тадбирҳо меандешад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимои Созмони Милали Муттаҳид (ЭКОСОК) ворид шудааст. Ин як дастоварди дигари байналмилалӣ ва нишонаи обрӯ ва эътибори роҳбарияти мамлакат дар назди созмонҳои байналмилалист. Кишвари мо, дар ниҳодҳои дигари СММ, монанди Комиссияи маводи мухаддир ва Комиссия мақоми зан узвият дорад. Айни ҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 57 созмони минтақавию байналмилалӣ узвият дошта, ҳамроҳ бо дигар кишварҳо дар ҳаллу фасли мушкилоти сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳон нақш мегузорад.

Кишвари мо ба шарофати сиёсати “дарҳои боз” ҳамкории мутақобилан судмандро бо як рада созмонҳои иқтисодӣ ва ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО), Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (OECD), Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки Осиёии рушд, Бонки исломии рушд, Бонки авруосиёии рушд ва Бонки навтаъсиси осиёии сармоягузории зерсохторӣ.

Дар марҳилаи кунунӣ принсипҳои асосӣ ва анъанаҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳалли масъалаҳои боафзалияти рушди кишвар, аз ҷумла таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, тақвияти ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ равона шуд. Дар ин муддат сиёсати «дарҳои боз», чун фарҳанги ҳамзистӣ бо олами имрӯз аз ҷониби роҳбарияти кишвар муаррифӣ гардида, дар асоси он сиёсати хориҷии бисёрсамта, ботавозун ва прагматикӣ тарҳрезӣ шуд ва тавсеаву таҳкими робитаҳои дӯстона ва ҳамкории судманд бо кишварҳои гуногуни олам роҳандозӣ гашт. Ба шарофати ин сиёсат Тоҷикистон мавқеи худро дар сиёсати байналмилалӣ мустаҳкам сохта, бо назардошти манфиатҳои миллӣ тавозуни муносибат ва манфиатҳои худро таъмин кард. Сиёсати “дарҳои боз” меҳвари сиёсати хориҷии Тоҷикистонро таҷассум мекунад. Бархе аз натиҷаи ин сиёсатро метавон чунин баршумурд:

Ҳар сол миёни Тоҷикистон ва беш аз 100 кишвари ҷаҳон табодули мол сурат мегирад. Соли 2013 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи яке аз созмонҳои бонуфузтарини дунё - Созмони Умумиҷаҳонии Савдо гардид.

То имрӯз Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни олам беш аз 2100 ҳуҷҷати дуҷониба ба имзо расонидааст, ки масъалаҳои муносибату ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, ҳарбӣ-техникӣ, амният, илм, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳо фаро мегиранд.

Ағлаби ташаббусҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҳаллу фасли мухолифати шаҳрвандӣ тариқи гуфтушунид, мусоидат ба ҳалли мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии Афғонистон, рушди ҳамкории минтақавӣ, як зумра ташаббусҳо роҷеъ ба истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир, инчунин дигар пешниҳодҳои арзишманди роҳбарияти Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозӣ ва дастгирӣ пайдо намудаанд.

Бояд хотирнишон сохт, ки дар ин давра Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба бештар аз 350 санади байналмилалӣ ба мисли Конвенсияҳо, Хартияҳо   ва Эъломияҳои байналмилалӣ аъзо шуда, уҳдадориҳои худро дар мавриди расидан ба ҳадафҳои ҷаҳонӣ, аз қабили рушди иҷтимоӣ, беҳбуди вазъи иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва амсоли он иҷро менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созмони илмию фарҳангии СММ (ЮНЕСКО) низ ба дастовардҳое дар заминаи муаррифии осори фарҳангию таърихии миллати тоҷик ноил шуд, ки ба чанде аз онҳо ишора мекунем:

соли 2002 пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба ҳайси “Шаҳри сулҳ” сазовори ҷоизаи ЮНЕСКО гардид;

соли 2003 “Шашмақом” ҳамчун мусиқии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба ҳайси шоҳкории шифоҳӣ ва фарҳангии мероси ғайримоддии башарият ба феҳристи ЮНЕСКО ворид карда шуд;

соли 2010 бо қарори 34-умин ҷаласаи Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шаҳраки қадимаи «Саразм» ба феҳристи мероси фарҳангии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд;

соли 2013 бо қарори 36-умин ҷаласаи Кумитаи Мероси Умумиҷаҳонии ЮНЕСКО “Боғи миллии Тоҷикистон – Куҳҳои Помир” ба феҳристи Мероси табии Умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардид;

соли 2013 дар шаҳри Париж дар қароргоҳи ЮНЕСКО муаррифии китоби «Меъмори сулҳ», ки ба саҳми пурарзиши Президенти Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу суботи комил дар кишвар бахшида шуда буд, баргузор гашт;

соли 2013 бо эътирофи пайравии пайваста ба ҳадафҳои ташаккули сулҳи пойдор ва пешбурди рушди устувор, аз ҷумла тавассути ташаббуси  пешбурди ҳамкорӣ ва муколамаи байналмилалӣ дар соҳаи об, табодули донишҳои илмӣ ва мусоидат ба пешрафт дар самти татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва ҳадафҳои рушди дар сатҳи байналмилалӣ ҳамоҳангшуда, Созмони ЮНЕСКО Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо Медали ҷашнии "60-солагии ЮНЕСКО" сарфароз гардонид;

соли 2013 дар ш. Париж дар рафти 37-умин иҷлоси Конфронси генералии ЮНЕСКО ҷашнҳои 3000-солагии Ҳисор, 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон) ва 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ ба феҳристи ҷашнҳое, ки бо иштироки ЮНЕСКО дар солҳои 2014-2015 таҷлил мешаванд, ворид гардиданд.

Бояд гуфт, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон ва  азму  иродаи давлати он, бавижа ташаббусҳо ва пешниҳодоти  созандаву  некбинонаи  Эмомалӣ Раҳмон дар  ҷодаи  ободию осоиштагии на танҳо Тоҷикистон, балки минтақа ва ҷаҳон нигоҳи боэътимоду  хайрхоҳона дорад. Бешак, ин навъи нигариш ба Тоҷикистон, роҳро барои барқарории равобити созанда бо кишвару созмонҳои байналмилалӣ ва нақшофарии мамлакати мо дар арсаи минтақаву ҷаҳон дар оянда низ ҳамвор месозад.

Миллати мо тӯли солҳои истиқлол рӯзҳои сангинро паси сар кард ва аз онҳо барои ояндаи худ таҷрибаи арзишманд бардошт, ба гирдоби офату сахтиҳо гирифтор шуд, вале бо тадбиру хирадмандиву дурандешии Пешвои маҳбуби худ аз миёни амвоҷи пурталотуми ҳаводис солим берун омад. Инак, Тоҷикистон ба оромтарину босуботтарин кишвари минтақа табдил ёфта, бо азму иродаи матин ба сӯйи ояндаи шукуфон роҳ мепаймояд.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаҳон чун кишвари ташаббускор дар ҳалли масоили глобалӣ ва таъсиргузор дар танзими равандҳои сиёсии минтақа мешиносанд. Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон қадамҳои устувор гузошта, бо пешбурди сиёсати мантиқӣ ва пешниҳодҳои созандааш мавқеи худро истеҳком бахшид ва дар оянда низ бо қадамҳои устувортар дар паҳнои олам нақшофарӣ хоҳад кард.

зор гашт;

Нигористон

Тақвим