Имзои барномаи омӯзишӣ барои рушди захираҳои инсонӣ

21.07.2015 15:49

21 июли соли 2015  маросими табодули Ёддоштҳо байни Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сироҷидин Аслов ва Сафири Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаши Камада оид ба Лоиҳаи рушди захираҳои инсонӣ дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти Япония баргузор гардид.

Ҳамзамон ҷиҳати татбиқи лоиҳаи мазкур Созишномаи грантиро Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ва Роҳбари Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ Киёши Ишии ба имзо расониданд.

Барномаи омӯзишии рушди захираҳои инсонӣ  ба омода кардани мутахассисони соҳаҳои қонунгузорӣ, иқтисодиёт, менеҷмент ва муносибатҳои байналмилалӣ равона шудааст.

Барномаи мазкур дар ростои кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди захираҳои инсонии кишвар таҳия шуда, ба кормандони ҷавон имкон медиҳад то маҳорати касбии худро такмил диҳанд.

Имзои барномаи омӯзишӣ барои рушди захираҳои инсонӣ

Имзои барномаи омӯзишӣ барои рушди захираҳои инсонӣ

Нигористон

Тақвим