Баромади Вазири корҳои хориҷӣ дар Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин

23.07.2015 16:03

23 июли соли 2015 дар доираи сафари расмии худ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар назди доираҳои илмӣ ва коршиносони Чин суханронӣ кард.  

Дар баромади худ С.Аслов бори дигар мавқеи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро доир ба аҳаммияти муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Чин баён намуд, инчунин иштироккунандагонро бо самтҳои асосии ҳамкориҳои миёни ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ шинос кард.  

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид сохт, ки робитаҳои Тоҷикистону Чин солҳои охир рушди хоса касб намудаанд ва дар инкишофи ҳамкориҳои минтақавӣ таъсири мусбат дорад.  

Дар робита ба Афғонистон С. Аслов мавқеи кишварро оид ба дастгирии нақши ҳамоҳангсози СММ дар саъю кӯшишҳои байналмилалӣ ҷиҳати ҳалли масоили Афғонистон тасдиқ намуд. Вазири корҳои хориҷӣ оид ба саҳми Тоҷикистон дар рушди устувори иқтисодии Афғонистон дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба маълумот дод.  

С.Аслов инчунин дар бораи ташаббуси Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин оид ба бунёди камарбанди иқтисодии Шоҳроҳи Абрешим ибрози андеша намуд.  

Дар Академия Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамчунин бо академик, доктори илмҳои иқтисодӣ, муовини президенти Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин Сай Фан мулоқот анҷом дод. 

Баромади Вазири корҳои хориҷӣ дар Академияи илмҳои ҷамъиятии Хитой

Нигористон

Тақвим