23 июли соли 2015 дар ҳошияи сафари расмии худ ба Чин Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ба маҷаллаи ҷамъиятӣ-сиёсии «Женмин жибао» мусоҳиба дод. Зимни мусоҳиба С.Аслов ба саволҳо оид ба рӯзномаи гуфтушунидҳо бо ҳамтои хитоии худ посух дод. Вазири корҳои хориҷии кишвар инчунин назари худро дар робита ба вазъият дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва инчунин натиҷаҳои асосии Cаммити Созмони Ҳамкории Шанхай дар Уфа иброз намуд.
Худи ҳамон рӯз С.Аслов мусоҳибаи видеоӣ бо телевизиони байналмилалии “Телевизиони марказии Чин” CCTV доир намуд, ки зимни он оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои равобити Тоҷикистону Чин ва инчунин ҳамкории ду кишвар дар ҳошияи ибтикори нави Раиси Чин “Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим” изҳори назар кард.