Вохӯрӣ бо муовини вазири савдо ва ҳамгироии Ҷумҳурии Қазоқистон

12.04.2022 17:30

12 апрели соли 2022 вохӯрии Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода бо муовини вазири савдо ва ҳамгироии Ҷумҳурии Қазоқистон Кайрат Торебаев баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушду тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, саноат ва логистика баррасӣ намуданд.

Инчунин, ҷонибҳо мавзӯи баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодиро мавриди муҳокима қарор доданд.

12,04,2022,17,33.jpeg

 

Нигористон

Тақвим