24 июли соли 2015 дар Пекин Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Муовини Раиси Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин доир ба корҳои ислоҳот ва рушд Ван Сяо Тао мулоқот анҷом дод.
Зимни суҳбат суръати мусбати рушди алоқаҳои тиҷоративу иқтисодии ду давлат қайд гардид. Ҳамзамон роҷеъ ба дурнамои самтҳои ҳамкории Тоҷикистону Чин ва густариши фаъолияти сармоягузории ширкатҳои хитоӣ дар Тоҷикистон табодули андеша сурат гирифт.