Вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ бо узви Шӯрои давлатии Чин

25.07.2015 11:20

24 июли соли 2015 дар шаҳри Пекин дар ҳошияи сафари расмӣ мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо узви Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ян Чзечи баргузор гардид.

Дар оғози мулоқот Ян Чзечи дар робита ба офати табиие, ки боиси ҳалокати одамон ва харобиҳои зиёд дар Тоҷикистон гардид, ҳамдардии роҳбарият ва мардуми Чинро ба роҳбарият ва мардуми Тоҷикистон баён кард. Ян Чзечи омодагии Пекинро ҷиҳати расонидани кӯмаки зарурӣ барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ таъйид намуд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки ба шарофати сатҳи баланди эътимод байни Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Чин Си Ҷинпин ҳамкориҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Чин дар соҳаҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ рушди бемайлон касб намудаанд.

Ян Чзечи ба роҳбарияти Тоҷикистон барои ҷонибдорӣ аз ташаббуси Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба бунёди “камарбанди иқтисодии” Роҳи абрешим изҳори ташаккур кард.

Дар рафти суҳбат ҷиҳати тавсеаи минбаъдаи робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишвар ва истифодаи самараноки зарфиятҳои Тоҷикистону Чин дар татбиқи ташаббуси зикргардадида ҳавасмандии мутақобил зоҳир гардид.

Вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ бо узви Шӯрои давлатии Хитой

Вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ бо узви Шӯрои давлатии Хитой

Нигористон

Тақвим