Вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ бо Ёвари Дабири кулли СММ

28.07.2015 18:36

28 июли соли 2015 вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Ёвари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои башардӯстона хонум Кюнг-ва Канг баргузор гардид.

Зимни мулоқот тарафайн оид ба баргузории ҷаласаи машваратии минтақавӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ҷиҳати омодагӣ ба Саммити ҷаҳонии башардӯстона (Истамбул 2016), ки ин рӯзҳо (28-30 июли соли ҷорӣ) дар Душанбе баргузор  шуда истодааст, табодули назар карданд.

Ҷонибҳо, инчунин дар мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистон ва Дафтари СММ оид ба ҳамоҳангсозии масъалаҳои башардӯстонаро таҳти баррасӣ қарор доданд.

Вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ бо Ёвари Дабири кулли СММ

Нигористон

Тақвим