30 июли соли 2015 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири федералӣ оид ба масъалаҳои вилоятҳо ва минтақаҳои марзии Ҷумҳурии Исломии Покистон Абдул Қодир Балуч, ки барои иштирок дар ҷаласаи машваратии минтақавӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ҷиҳати омодагӣ ба Саммити ҷаҳонии башардӯстона дар шаҳри Душанбе қарор дорад, мулоқот намуд.
Дар рафти суҳбат самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои мухталиф ва роҳҳои татбиқи тавофуқҳое, ки дар натиҷаи музокироти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон моҳи июни соли 2015 дар Душанбе ҳосил шуданд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин дар атрофи масъалаҳои минтақавӣ ва дигар мавзӯҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар карда шуд.