3 августи соли 2015 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Гузоришгари вежаи Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) оид ба ҳаққи инсон ба оби ошомидании солим ва беҳдошт Лео Ҳеллерро ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо рӯи масоили таъмини риояи ҳуқуқи инсон ба оби ошомидании солим ва беҳдошт дар Тоҷикистон ибрози назар карданд.
Ҷонибҳо инчунин масъалаи идомаи ҳамкориро дар ин самт дар доираи рӯзномаи рушди устувор баъд аз соли 2015 мавриди муҳокима қарор доданд.