13 августи соли 2015 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ҳайати Вазорати корҳои хориҷии Ҷопонро бо роҳбарии Мудири генералии Бюрои умури Аврупо Ҳаҷиме Ҳаяши ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни мулоқот самтҳои асосии ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Ҷопон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Инчунин дар атрофи масъалаҳои минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар сурат гирифт.