Вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири Ҳиндустон

13.08.2015 19:35

13 августи соли 2015 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аситх Кумар Бҳаттачарҷӣ-ро бино бар ба поён расидани маъмурияти дипломатияш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.

Ҷонибҳо аз рушди бемайлони муносибатҳои шарикии Тоҷикистон ва Ҳиндустон изҳори қаноатмандӣ намуда, бар зарурати иҷрои амалии натиҷаҳои музокироти сатҳи олии ду кишвар, ки моҳи июли соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор шуданд, таъкид карданд.

С.Аслов аз Сафири Ҳиндустон барои ҳамкории пурсамар сипосгузорӣ кард  ва изҳори боварӣ намуд, ки Аситх Кумар Бҳаттачарҷӣ дар оянда низ дар таҳкиму густариши робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон саҳми назаррас  хоҳад гузошт.

Вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири Ҳиндустон Вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири Ҳиндустон

Нигористон

Тақвим