Мулоқот бо вазири давлатии Вазорати замин, илм ва технологияи Ҳиндустон

29.06.2022 16:33

28 июни соли 2022 дар Лиссабон дар ҳошияи Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус ҳайати кишвар бо узвияти вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа, муовини вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода ва Раиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал Султон Раҳимзода бо вазири давлатии Вазорати замин, илм ва технологияи Ҳиндустон Ҷитендра Сингҳ мулоқот намуд.

Дар мулоқот ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар бахшҳои илму фанноварӣ, бахусус технологияҳои идоракунии обии илман асосёфта ва таваҷҷӯҳ ба соҳаи энергетика, лоиҳаи “CASA-100”, ҳифзи пиряхҳо ва тадбирҳои мубориза бо пандемияи Ковид-19 баррасӣ карда шуданд.

 

Нигористон

Тақвим