Мизи мудаввар бахшида ба 30-юмин солгарди истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия

30.06.2022 14:08

29 июни соли 2022 дар Академияи дипломатии Вена дар ҳошияи ройзаниҳои сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия мизи мудаввар бахшида ба 30-юмин солгарди истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни ду кишвар баргузор гардид.

Роҳбари ҳайати Тоҷикистон, муовини вазири корҳои хориҷии кишвар Фарҳод Салим ба ширкаткунандагон роҷеъ ба рушди сиёсӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи давраи Истиқлоли давлатӣ, аҳаммияти иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон дар таҳкими пояҳои давлатдории кишвар, 25 соли Ваҳдати миллӣ маълумот дода, нақши боризи Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин раванд таъкид намуд. Зимни суханронӣ инчунин масъалаҳои марбут ба равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия, ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, инчунин ҳолати кунунӣ ва дурнамои сиёсати хориҷии Тоҷикистон матраҳ гардиданд.

Дар чорабинии мазкур намояндагони Вазорати корҳои аврупоӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Австрия, Академияи дипломатии Вена, созмонҳои байналмилалии муқими шаҳри Вена, ҳайати дипломатии Вена ва ҳамватанони бурунмарзӣ ҳузур дошта, дар рафти суҳбат фаъолона иштирок намуданд.

Нигористон

Тақвим