Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 20-солагии таъсиси Суди конститутсионии Тоҷикистон

18.09.2015 17:36

17 сентябри соли 2015 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати кишвар  Конфронси байналмилалӣ  бахшида ба 20-солагии таъсиси Суди  конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар мавзӯи «Адолати суди конститутсионӣ  кафолати таъмини волоияти Конститутсия» баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ширкат варзида, дар мавзӯи “Заминаи конститутсионӣ ва ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқҳо ва озодии занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза кард.

Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 20-солагии таъсиси Суди конститутсионии Тоҷикистон

Нигористон

Тақвим