Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Ҷомеаи Давлатҳои Арабӣ дар иҷлоси навбатии 144-уми худ, ки дар Қоҳира 13 сентябри 2015 баргузор гардид, қарор қабул намуд, ки бо аккредитатсияи Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қоҳира ба сифати Намояндаи доимии кишвари мо дар Ҷомеаи Давлатҳои Арабӣ изҳори мувофиқат кунад. Қарори мазкур дар асоси паёми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Дабири кулли Ҷомеаи Давлатҳои Арабӣ аз таърихи 2 апрели соли 2015 ва дар чаҳорчӯби густариши муносибатҳои кишварҳои арабӣ бо Тоҷикистон қабул шудааст.