Нишасти маҷозӣ бо роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Тоҷикистон дар хориҷа

22.07.2022 12:58

20-21 июли соли 2022 таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода нишасти кории маҷозӣ бо иштироки раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодирзода Саъдӣ ва директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Шавкат бо роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа баргузор гардид.

Зимни нишасти мазкур иштирокдорон имкониятҳои ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷиро дар соҳаҳои иқтисодиву сармоягузорӣ ва таҳкими иқтидори содиротии кишвар баррасӣ намуданд.

Дар нишасти корӣ инчунин дигар масъалаҳои марбут ба тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер: twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa.tajikistan

22.07.2022.12.59.jpg

22.07.2022.12.60.jpg

 

Нигористон

Тақвим