Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Покистон дар Тошканд

29.07.2022 07:58

28 июли соли 2022 дар шаҳри Тошканд дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Биловал Бҳуто Зардарӣ баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳимми ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистонро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва ғайра баррасӣ карданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин роҷеъ ба масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби ниҳодҳои бисёрҷониба, аз ҷумла СҲШ табодули афкор анҷом доданд.

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер: twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa.tajikistan

 

Нигористон

Тақвим