19 сентябр Сафири Тоҷикистон Н.Эмомзода бо Раиси кулли Девони муҳосиботи ҶИЭ Амин Ҳусейн Раҳимӣ мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот Сафири Тоҷикистон дар бораи вазъияти ҳозираи иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ, дастовардҳои кишвар дар солҳои соҳибистиқлолӣ, ҳамчунин сатҳи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон ва чорабиниҳои муҳиме, ки дар соли ҷорӣ дар Тоҷикистон баргузор гардиданд, изҳори назар кард.