Мулоқот бо Раиси Комиссияи иқтисодии Шӯрои роҳбурдии равобити хориҷии Эрон

01.08.2022 15:40

30 июли соли 2022 дар Теҳрон мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Раиси Комиссияи иқтисодии Шӯрои роҳбурдии равобити хориҷии Эрон Иброҳим Шайбонӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот дастовардҳои 30 соли равобити дипломатӣ байни ду кишвар таъкид шуда, доир ба зарурати истифода аз имконот ва зарфиятҳои мавҷуда барои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ табодули назар сурат гирифт.

01,08,2022,15,43.jpg

 

Нигористон

Тақвим