2 августи соли 2022 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай Руслан Мирзаевро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба муборизаи давлатҳои узви СҲШ бо “се зуҳурот” – терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротгароӣ табодули афкор намуданд.
Масоили марбут ба коркарди рӯкардҳо ҷиҳати таҳияи феҳристи ягонаи гурӯҳ, ташкилот ва дигар ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва ҷудоихоҳ, ки фаъолияташон дар қаламрави давлатҳои узв манъ гардидааст муҳокима шуд.
С. Муҳриддин Р. Мирзаевро ба муносибати таъйин шуданаш ба вазифаи Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай табрик гуфта, омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои мусоидати ҳамаҷониба ҳангоми иҷрои вазифааш иброз намуд.