Бо Қарори Шӯрои идоракунони Палатаи савдо ва тиҷорати Равалпинди ҶИП ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоизаи солонаи 2015 –«RCCI the best foreign mission award for 2015» барои рушди муносибатҳои дуҷониба дар самти тиҷорат ва ҳамкориҳои иқтисод супурда шуд.
Ҷоизаи мазкур ҳамасола ба ташкилоту намояндагони гуногун барои саҳми муҳими онҳо дар дастовардҳои беҳтарин дар соҳаи саноат, тиҷорат, санъат, илму маориф ва ВАО ба намояндагони сохторҳои давлатӣ, доираҳои тиҷорат, сафоратҳои давлатҳои хориҷӣ, иттиҳодияҳои ғайридавлатӣ ва ВАО супурда мешавад.
Ҷоизаи мазкур аз ҷониби Вазири федералии хазинаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Исҳоқ Дор ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда шуд, ки вай расман аз номи Ҳукумати Покистон ба Сафорат барои саҳми он дар рушди муносибатҳои иқтисодии байни ду кишвар изҳори миннатдорӣ намуд.