Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Баҳрайн 20-уми майи соли 1995 роҳандозӣ шудаанд.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Баҳрайн Акрам Каримӣ (07.02.2025) ва сафири фавқулодда ва мухтори Подшоҳии Баҳрайн дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Исломобод Муҳаммад Иброҳим Абдулқодир (20.11.2019) таъйин шудаанд.
27-уми майи 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳии Баҳрайн сафари расмӣ анҷом доданд. Миёни Сарвари давлати Тоҷикистон ва Подшоҳи Баҳрайн, Шайх Ҳамад бин Исо Оли Халифа роҷеъ ба густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо волотарин мукофоти давлатии Баҳрайн “Ал-Қилод ал-Халифӣ” (ордени Подшоҳӣ) сарфароз гардонида шуданд. Ба Подшоҳи Баҳрайн, Шайх Ҳамад ибни Исо Оли Халифа ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1 супурда шуд.
Вазири давлатии корҳои хориҷии Баҳрайн, Ғоним Фазлулбуайнайн дар иҷлоси ёздаҳуми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи ҳамкории Осиё, ки дар Душанбе 29-уми марти 2013 баргузор гардид, иштирок намуд. Мулоқоти роҳбари ҳайати Баҳрайн бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири корҳои хориҷӣ сурат гирифт. Ҳамчунин, вазири корҳои хориҷии он кишвар, Шайх Холид бин Аҳмад Оли Халифа дар Панҷумин иҷлоси сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки 14-15-уми июни 2019 дар Душанбе баргузор шуд, ширкат варзид.
Миёни ду кишвар 8 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф ба имзо расидааст. Аз ҷумла Баёнияи муштараки Тоҷикистон ва Баҳрайн самтҳои асосӣ ва роҳҳои рушди минбаъдаи муносибот ва ҳамкории ду кишварро муайян мекунад.
Дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Подшоҳии Баҳрайн форуми васеи соҳибкорону тоҷирони ду кишвар доир гардид, дар он беш аз 200 нафар соҳибкорону тоҷирон аз ҳар ду ҷониб иштирок намуданд.
31-уми октябр – 2-юми ноябри соли 2025 ҳайати кишвар бо роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода дар Конфронси “Муколамаи Манама” зери унвони “Қудратҳои минтақавӣ ва санъати ҳукмронӣ дар заминаи таҳаввулоти ҷаҳон” баргузор шуд, иштирок намуд.
1-уми ноябри соли 2025 дар шаҳри Манама таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Баҳрайн Шайх Абдуллоҳ ибни Алӣ Оли Халифа даври дуюми машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар доир гардид.
20.02.2026