Имрӯз, 28 сентябри соли 2015 семинар-тренинги дурӯзаи омӯзишӣ «Нақши хадамоти дипломатӣ ва консулгариҳо дар муқовимат ба савдои одамон», ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши 20 нафар роҳбарон/кормандони консулгариҳо ва сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар дар муқовимат ба савдои одамон таҳия гардидааст, дар Душанбе оғоз ёфт.
Ҳадафи тренинг - кӯмак ба Вазорати корҳои хориҷӣ, сафоратҳо ва консулгариҳои Тоҷикистон дар хориҷа ҷиҳати коркард ва иҷро намудани чораҳои зарурӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон ва ҳимояи қурбониёни савдои одамон дар хориҷи кишвар аст, ки дар хориҷа эҳтимоли ҳодисаҳои савдои одамон зиёдтар мегардад. Ҳамчунин иштирокчиён бо нақши Механизми миллии бозравонии қурбониёни савдои одамон барои кӯмак ба созмонҳои дахлдори ҳукумативу шаҳрвандӣ шиносоӣ пайдо менамоянд.
Семинар аз ҷониби Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили савдои одамони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии таълимӣ оид ба муқовимат ба савдои одамони назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо маблағгузории Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико/шӯъбаи давлатӣ оид ба мониторинг ва муқовимат ба савдои одамон (J/ TIP) ташкил шудааст.
Савдои одамон яке аз мусибатҳои ба инсоният хатарнок буда, дар мубориза зидди он нақши сафоратҳо, консулгариҳо ва хадамотҳои муҳоҷирати бурунмарзӣ махсусан муҳим аст, зеро онҳо дар кишварҳои мизбон нуқтаи нахустини тамос байни мамлакат ва қурбониёни савдои одамон мебошанд. Таълими шахсони вазифадори ин сохторҳо барои омӯзиши малакаҳои зарурии ҳамкорӣ бо ташкилотҳои дар самти мубориза бо савдои одамон фаъолияткунанда, барои муқовимати таъсирбахш зидди савдои одамон дар Тоҷикистон, мусоидат мекунад.
Иштирокчиёни семинар вазъи савдои одамонро дар Тоҷикистон, аз ҷумла қонунгузории навини миллӣ ва воситаҳои байналмилалиро муҳокима карда, бо таҷрибаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба савдои одамон шинос шуданд. Коршиносони маҳаллии масоили савдои одамон нақши ҳайати дипломатӣ ва консулгариро дар муқовимат ба савдои одамон шарҳ дода, иштирокчиёнро бо равандҳои нав дар самти ҳифз, муайян ва бозгардонидани (репатриатсияи) қурбониёни савдои одамон пешниҳод менамоянд. Диққати махсус ба омӯзиши Механизми бозравонии қурбониёни савдои одамон ва принсипҳои равонӣ ва ахлоқии ҳамкорӣ бо қурбониёни савдои одамон дода мешавад.
Илова бар ин, иштирокчиёни семинар аз таҷрибаи наву пешрафтаи ҳамкории байни идораҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии маҳаллӣ ва ҳамчунин нақши СБМ ва СҒХ дар кӯшишҳои муштарак ҷиҳати ба қурбониён додани паноҳгоҳҳо ва телефонҳои боварӣ, ки дар чорчӯбаи лоиҳаи муқовимат ба савдои одамон амалӣ мегардад, огоҳӣ меёбанд.