28 сентябри соли 2015 мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидӣ бо Муовини директори Департаменти Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкориҳо хонум Элизабет фон Капеллер барпо гардид.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо роҷеъ ба густариши муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария, ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва масъалаҳои минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамзамон дигар масъалаҳои дорои таваҷҷуҳи тарафайн мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.