Татбиқи тадбирҳои Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020

30.09.2015 16:41

30 сентябри соли 2015 дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри татбиқи тадбирҳои Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 ва нақшаи чорабиниҳои он вохӯрии намояндагони салоҳиятдори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати шахсии Вазорат, роҳбарон ва кормандони консулгариҳо ва сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар  баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ қайд карда шуд, ки мубориза бар зидди коррупсия кори дастаҷамъона буда, дар он мақомоти хизмати дипломатӣ дар ҳамбастагӣ бо мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа барои амалигардонии сиёсати зиддикоррупсионӣ кӯшиш менамоянд. Дар ҷараёни ҷалби бештари ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти давлатӣ ҷиҳати таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти хизмати дипломатӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини дастрасӣ ба иттилоот, ташаккули мафкура ва фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия татбиқи чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирикунанда ба мақсад мувофиқ аст.

Дар интиҳои вохӯрии номбурда изҳороти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳаводиси ахири марбут ба хиёнати собиқ муовини вазири мудофиаи кишвар Абдуҳалим Назарзода ва онҳое, ки ӯро ҳамроҳӣ кардаанд, мавриди муҳокимаи ҳамаҷониба қарор дода шуда, амали хоинони миллат аз ҷониби иштирокчиён шадидан маҳкум карда шуд.

Баромадкунандагон заҳматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими сулҳу суботи кишвар ва таъмини амният махсус қайд карданд.

Татбиқи тадбирҳои Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020

Татбиқи тадбирҳои Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020

Нигористон

Тақвим