Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Ҳамкории Исломӣ

02.10.2015 08:19

1 октябри соли 2015 дар ҳошияи Иҷлосияи 70-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Дабири кулли Созмони Ҳамкории Исломӣ Ияд Амин Мадани мулоқот анҷом дод.

Мусоҳибон роҷеъ ба нақши Созмони Ҳамкории Исломӣ дар ҳалли масоил ва мушкилоти олами ислом ва саҳми Тоҷикистон дар ин равандҳо табодули назар карданд.

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Ҳамкории Исломӣ

Нигористон

Тақвим