3 октябри соли 2015 дар Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси 70-уми Маҷмаи умумии СММ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Муовини Сарвазир ва Вазири корҳои хориҷии Словакия Мирослав Лайчак мулоқот доир намуд.
Вазирон сатҳи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳо миёни Тоҷикистон ва Словакияро баррасӣ карда, зарурати вусъат додани муколамаи сиесӣ ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар доираи формати Тоҷикистон-Иттиҳоди Аврупоро таъкид намуданд.
Зимни вохӯрӣ Вазири корҳои хориҷии Словакия оид ба қарори Ҳукумати Словакия ҷиҳати расонидани кӯмак ба Ҳукумати Тоҷикистон дар рафъи оқибатҳои офати табиии дар Тоҷикистон рухдода С.Асловро огоҳ намуд.