7 октябри соли 2015 дар чаҳорчӯби 9-мин Форуми ҳамкории Ҷумҳурии Корея - Осиёи Марказӣ мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Роҳбари Ҷамъияти дӯстии Ҷумҳурии Корея бо кишварҳои Осиёи Марказӣ хонум Ли Ок Рен баргузор гардид.
Ҷонибҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои дӯстонаи дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, манфиатдории муштараки худро ба истифодаи имконоти зиёди ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла тақвияти дипломатияи мардумии ду кишвар изҳор намуданд.