Мулоқоти сафир бо муовини вазири мерос ва сайёҳии Умон

25.11.2022 09:58

23 ноябри соли 2022 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон Зубайдзода Зубайдулло бо муовини вазири мерос ва сайёҳии Салтанати Умон Иброҳим Саид Халаф Оли Харусӣ мулоқот намуд.

Зимни мулоқот масоили роҳандозии ҳамкорӣ байни ниҳодҳои сайёҳӣ ва марказҳои мероси таърихиву фарҳангии ду кишвар, инчунин табодули таҷриба байни мутахассисони соҳаҳои мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифт.

25,11,2022,10,00.jpg

 

Нигористон

Тақвим