24 декабри соли 2022 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти 9-ми вазирони корҳои хориҷии “Муколамаи Осиёи Марказӣ+Ҷопон" иштирок намуд.
Зимни нишаст, ки таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Ҷопон Ҳаяши Ёшимаса гузашт, масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ бо Ҷопон, 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ, татбиқи ҳадафҳои рушди устувор дар минтақа ва таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардиданд.
Вазири корҳои хориҷӣ С.Муҳриддин дар суханронии худ иброз дошт, ки Ҷопон яке аз шарикони муҳими рушди Тоҷикистон ба шумор рафта, ҳамкориҳои созандаи мо бо Ҷопон дар татбиқи тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани некӯаҳволии мардум ва таъмини рушди устувори кишвар мусоидат мекунад.
Соли 2004 “Муколамаи Осиёи Марказӣ + Ҷопон” аз ҷониби Ҳукумати Ҷопон ба мақсади таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ таъсис дода шудааст. Дар чаҳорчӯби Муколама ҳашт вохӯрии вазирони корҳои хориҷӣ, понздаҳ нишасти масъулони аршади Муколамаи “Осиёи Марказӣ + Ҷопон” дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷӣ, ёздаҳ муколамаи зеҳнӣ (муколамаи Токио), ҳафт мулоқоти коршиносон ва ду муколамаи корӣ баргузор гардидааст.