27 феврали соли 2023 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода дар бахши сатҳи баланди иҷлоси 52-юми Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ дар ш. Женева, Швейтсария иштирок ва суханронӣ намуд.
Муовини вазир ӯҳдадориҳои Тоҷикистонро оид ба ҳамкорӣ бо сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла расмиёти махсуси созмони мазкур таъкид кард. Қайд карда шуд, ки дар доираи сиёсати гендерии давлат фаъолнокии занон дар арсаи ҷамъиятӣ дастгирӣ ёфта, таҳкими иштироки сиёсӣ ва зиёд намудани шумораи занон дар хизмати давлатӣ яке аз самтҳои афзалиятноки Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мебошад.
Дар идомаи суханронӣ муовини вазири корҳои хориҷӣ таъсири тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои он ба татбиқи босамари ҳуқуқҳои инсон барои миллионҳо нафарро зикр намуда, диққати ҳозирин ба пешбурди фаъолонаи равиши ҳамаҷонибаи Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим ҷалб гардид. Инчунин, таъкид карда шуд, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъномаро оид ба эълон кардани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо қабул намуд.
Ҳамзамон, бо назардошти он, ки ҳуқуқи инсон ба оби тоза ва беҳдошт барои аз байн бурдани камбизоатӣ ва бунёди ҷомеаи осоиштаю обод ниҳоят муҳим мебошад, М.Ҳусейнзода тааҳҳудоти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати иҷрои ӯҳдадориҳои беҳбуди дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва беҳдошт қайд кардааст. Дар ин робита, Конфронси оби СММ, ки моҳи марти соли 2023 таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор хоҳад шуд, таъкид гардид.